Бонки Давлатии Амонатгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"
 
Рус
Eng
 
  Бонк     Шабакаи минтақавӣ     Хизматрасонӣ     Матбуот     Ба ширкатҳои берунӣ  
  Ба маблағгузорон
  Ҳисботи солона (барои соли 2008)
 
  Қурби асъор
 
1
EUR
-
6.3239
TJS
 
 
1
USD
-
4.3781
TJS
 
 
10
RUR
-
1.4857
TJS
 
Қурб нисбати кортҳои пластикӣ
  1 USD - 4.38 TJS  

Бонк

   Марти соли 1885 дар шаҳри Хуҷанд аввалин хазинаи қарзӣ-амонатгузорӣ фаъолияти худро оғоз намуд. Декабри соли 1925 аввалин Хазинаи давлатии меҳнатии амонатгузории №1341(Гострудсберкасса) дар назди Кумитаи молиявии халқии Ҷумҳурии сотсиалистии шӯравии автономии Тоҷикистон (Наркомфин ТАССР) кушода шуд. Октябри соли 1987 Хазинаи давлатии меҳнатии амонатгузории Тоҷикистон ба Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистони ИҶШС номгузорӣ карда шуд.

   Январи соли 1992 дар асоси Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистони ИҶШС Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. 26 Ноябри соли 1998 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1123 ба Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми бонки давлатӣ – яъне БОНКИ ДАВЛАТИИ АМОНАТГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «АМОНАТБОНК» дода шуд. БДА ҶТ «Амонатбонк» бонки давлатӣ ба ҳисоб рафта, аз ин лиҳоз кафолати пурраи воситаҳои пулӣ ва дигар ашёи қиматноки шахсони воқеиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. БДА ҶТ «Амонатбонк» дорои шабакаҳои васеи хизматрасонии бонкӣ дар қаламрави мамлакат мебошад. Ба ҳайати «Амонатбонк» 5 бахши вилоятӣ, 70 шӯъбаи шаҳрию ноҳиявӣ ва 503 оҷонсӣ шомил аст.

    Амонатбонк аз рӯи моҳияти худ бонки мардумӣ ба шумор меравад, зеро баробари ҳамарӯза фаъолияти пурмаҳсули худ дар роҳи хизматрасонӣ ба нафақахӯрон, ташкилотхои буҷавӣ, ҷалби маблағҳои озоди аҳолӣ ба пасандозҳо, қабули пардохтҳои коммуналӣ аз аҳолӣ, таҳия ва омода сохтани ҳуҷҷатҳо барои додани қарзҳои имтиёзнок ба оилаҳои камбизоат , фурӯши вомбаргҳо ва амсоли инҳо равона гардидааст. Амонатбонк яке аз бонкҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, барои хизматрасонии аҳолӣ махсусгардонида шудааст ва ҳамчун бонки устувор мавқеи мустаҳкамро касб намуда, ӯҳдадориҳои худро дар назди муштариён сари вақт иҷро менамояд. Дар солҳои охир бонк ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст. Алалхусус ҳолати молияии бонк дар низоми бонкии ҷумҳурӣ мустаҳкам гашт. Бонк иштирокчии Иттифоқи Умумиҷаҳонии Алоқаи Байнибонкии Молиявӣ гардида, ба шабакаи СВИФТ пайваст шуд.

    Дар Ассамблеияи генералии Донишкадаи Умумиҷаҳонии Бонкҳои Амонатгузорӣ, ки санаи 29.10.2004с. дар Брюссел баргузор шуда буд, Амонатбонк ба аъзои Донишкадаи Умумиҷаҳонии Бонкҳои Амонатгузорӣ қабул гардид.


 
 
 
Намоиши ролик
 
Пурсишнома

Миннатдорем барои иштирок дар пурсиш!

Натиҷаҳо...


                     
  Амонати «Мӯҳлатноки ҳамватани бурунмарзӣ»   Амонати кудакона   Амонатҳои мӯҳлатнок   Амонатҳои «Мӯҳлатноки ҷамъшаванда»   Амонати нафақавӣ-мукофотӣ