Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
01 феврали 2018
Ҷаласа оид ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар БДА ҶТ «Амонатбонк».

img

Тибқи нақша-чорабинии тасдиқшуда имрӯз, дар БДА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Раёсат Амирҷон Саидзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси фраксияи ҲХДТ Бахтовар Сафарзода, устоди факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дониёр Сангинов ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ҷаласаи васеъ оид ба омӯзиши масъалаҳое, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардида буд, баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа муовини якуми Раиси Раёсат А. Саидзода меҳмонон ва иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, суханро ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси фраксияи ҲХДТ Бахтовар Сафарзода, доданд.



Бахтовар Сафарзода бо самимият ва даъват ба ватандӯстӣ, перумони Паёми навбатии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои содиқ будан ба кор ва бо дасту дили пок хизмат кардан ба мардум, ки яке аз фазилатҳои хуби инсонист, суханрони карданд.



Ҳамзамон Дониёр Сангинов устоди факултаи ҳуқуқи ДМТ ва Зулфиқор Гулаҳмадзода Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Шоҳмансур, ба ҳозирин нуқтаеро қайд карданд, ки вобаста ба эълон гардидани соли 2018, соли «Рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» туризми воридоти аз ҳисоби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш меёбад ва дар ин росто хизматрасонӣ тариқи кортҳои пардохтии бонкии байналмилалӣ бештар мегардад, ки ин самти фаъолияти кормандони бонк буда масъулияти олиро талаб менамояд.



Инчуни дар ҷаласа  Сардори идораи бехатарӣ ва кор бо қарзҳои мушкилситон Искандар Сатторов ва мушовири Раиси Раёсат оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зафар Икромов аз супоришҳои дар Паёми навбатӣ зикргардида ёдовар шуда, аз иқдомҳои пешгирифтаи Роҳбарияти Бонк, ки дар соли равон пешбини шудааст, ибрози андеша намуданд.



Дар фарҷом, муовини якуми Раиси Раёсат Амирҷон Саидзода, қайд намуданд, ки Роҳбарияти Бонк тасмим гирифтааст барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти кори, ҷиддӣ роҳандозӣ намояд.




img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 19.10.2018