Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
26 сентябри 2018
Мулоқоти дуҷониба намояндаи БДА ҶТ «Амонатбонк» дар Федератсияи Русия

img

Чанде қабл  мулоқоти дуҷониба намояндаи БДА ҶТ «Амонатбонк» дар Федератсияи Русия Маҳмадрасул Холов бо роҳбарияти Низоми пардохти CONTACT  Андрей Литовченко ва ҷаноби Тимофей  Попов баргузор гардид. Дар мулоқот доир ба рушд ва густариши ҳамкориҳо миёни БДА ҶТ "Амонатбонк" ва низоми интиқолии CONTACT оид ба имкониятҳои бузурги фоидаовари интиќоли маблаѓ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, маврид ба муҳокима қарор дода шуд. Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ масоили гуногуни ҳамкорӣ  маврид ба  таҳлил қарор дода шуд, ки паҳлуҳои дигари имкониятҳои рушди  густариши ҳамкориҳоро тариқи Низоми пардохти CONTACT дар бар мегирифт ва зикр гардид, ки имкони рушди ин ҳамкориҳо дар  Тоҷикистон ба маврид аст.

Ҳамчунин, роҳҳои гуногуни ҳамкориҳои системаи CONTACT бо мизоҷоне, ки интиқоли маблағҳоро дар саросари Русия ва Тоҷикистон анҷом медиҳанд ба инобат гирифта шуда ин масъала низ маврид ба баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки бо амалҳои фаъолонаи муштараке, ки ба таҳия ва такмил додани интиқоли маблағҳои пулӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд, муҳоҷирони меҳнатӣ Системаи CONTACT-ро бештар интихоб мекунанд. Бояд қайд кард, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» дар бозори байнибонкии кишвар ягона бонки давлатӣ мебошад, ки зиёда аз 75 филиал, 554 МХБ ва 239 нуқтаи интиқоли маблағҳоро дорост.

Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 19.10.2018