Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
27 сентябри 2018
Пирўзии нахустини дастаи футболи хурди «Амонатбонк» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе», бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шоми 26-сентябр бо ташасаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи марказӣ, кушодашавии мусобиқаи футболи хурд, байни кормандони вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе», бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он дастаи футболи Бонки давлатии амонатгозории Ҷумњурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иштирок намуд.

 

Даври кушодашавии бозӣ, дар майдончаи варзишгоҳи марказии ш.Душанбе баргузор гардида дар он дастаи футболи БДА ҶТ «Амонатбонк» ва дастаи футболи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваозмоӣ намуданд.Дар ин қувваозмоӣ дастаи «Амонатбонк» ҳарифи худро, бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуд.

 

Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи мазкур, бо ташасаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соли дуюм аст, ки бо иштироки зиёда аз 50 -дастаи футболбозон баргузор мегардад.

 

        Қобили зикр аст, ки мусобиқаи футболи хурд, байни кормандони вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» аз санаи 20 сентябр то 15 ноябри соли 2018 баргузор шуда яке аз чорабиниҳои сатҳи баланд арзёбӣ мешавад.

 

Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пойдории сулҳу субот миёни ҷавонони вазорату идораҳо ва корхонаҳои давлатӣ мебошад.


img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 19.10.2018