Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
29 декабри 2020
Сафари кории Раиси Раёсати БДА ҶТ ”Амонатбонк” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

img

Сафари кории Раиси Раёсати БДА ҶТ ”Амонатбонк” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 15 декабри соли 2020 дар муроҷиатномаи хеш баён доштанд, Раиси Раёсати Амонатбонк ҳамчун роҳбари гурўҳи корӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо як гурўҳ кормандони фаъоли Бонк муддати 10 рўз дар ноҳияи мазкур дар сафари корӣ қарор доштанд.

Зимни сафари корӣ, гурўҳи кории Амонатбонк зери роҳбарии Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ С.С., бо соҳибкорону хоҷагидорон ва аҳли ҷамоатчигӣ, аз Ҷумла дар ҷамоатҳои шаҳраки Балх ва Гулистон, Ҷамоатҳои деҳоти Ҳалевард, Маданият, Навобод, Фрунзе, Калинин ва Узун вохўрӣ доир намуда, арзу сипоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинони ноҳия ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар маъракаҳои интихоботӣ расониданд.

Ҳамзамон, доир ба муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба истифодаи самараноки нерўи барқ, риояи қоидаҳои зиддисўхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои барқии серхароҶот, вусъат бахшидани ободонию созандагӣ, бунёди иншоотҳои Ҷашнӣ, таъмиру бунёди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ТоҶикистон,омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврўз ва Рўзи Истиқлолият, баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ, оғ оз бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ, ташкили ярмаркаҳои фурўши ниҳол, самараноку оқилона истифода бурдани замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҶагиҳои ёрирасон, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, сӯҳбатҳои озод баргузор намуданд.
Зимни вохўриҳо бо соҳибмулкон ва сохтмончиён даъват ба амал оварда шуд, ки пеш аз ҳама ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати махсус дода, дар рафти корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ ба сохти замонавӣ ва мутобиқ будани биною иншоотҳои бунёдшаванда ба талаботҳои имрўзаи шаҳрдорӣ ва ҷузъиётҳои миллӣ диққати махсус зоҳир намоянд.

Корҳои ободонӣ, аз ҷумла дарахтшинонӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, ташкилоту муассиса, идораву корхона дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуд, ки дар рафти ин чорабинӣ Раиси Раёсати Бонк бевосита иштирок доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани кўчаю маҳаллаҳо ва роҳраву хонаҳои истиқоматии ноҳия корҳои муайян ба анҷом расонида шуда, 1946 хонаҳо, аз ҷумла дар ҷамоати шаҳраки Балх 262 хона, ҷамоати шаҳраки Гулистон 280 хона, ҷамоати деҳоти Ҳалевард 340 хона, ҷамоати деҳоти Маданият 195 хона, ҷамоати деҳоти Узун 184 хона, ҷамоати деҳоти Навобод 245 хона, ҷамоати деҳоти Каленин 195 хона, ҷамоати деҳоти Фрунзе 245 хона таъмиру обод карда шудаанд.
img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 25.02.2021

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк