Иштироки Амонатбонк дар Рӯзи “Дарҳои боз”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Санаи 04-уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 34-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва иди касбии китобдорон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои қарзии кишвар, донишҷӯёни макотиби олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, рӯзи “Дарҳои боз” доир гардид.
Вобаста ба ин дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобҳои пурмазмун марбут ба адабиёти тоҷик ва аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ва дигар сохторҳои давлатӣ намоиши маҳсулоти соҳавӣ ва дастовардҳо ба маърази тамошо гузошта шуд.
Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” низ ҳамчун яке аз ишгирокчиёни фаъоли чорабинии мазкур маҳсулот ва хизматрасониҳои худро ба намоиш гузошт.
Дар рафти намоиш ба ҳозирин оид ба маҳсулотҳои қарзӣ, кортҳои пардохтӣ, намуди пасандозҳо, хизматрасониҳои муфиди Амонатмобайл ва тарзу услуби кории он, Интернет-банкинг ва ғайра маълумот пешниҳод гардид.
Дар қисмати дигари чорабинӣ роҳбаладон аъзои китобхона ва меҳмононро бо осорхонаи китобҳои нодир, осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии «Аз давра ба давра, аз дида ба дида», толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ва шароити фароҳамоварда дар ин толорҳо шинос намуданд.
Масъули Китобхонаи миллӣ кормандони Амонатбонкро ба толорҳои хониш роҳнамоӣ карда, ба онҳо тарзи ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон доданд.













