Конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Конститутсия кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд”

02 ноябр 2024

Санаи 02-юми ноябри соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ доир гардид.

Дар конференсияи мазкур як қатор олимону академикон, ҳуқуқшиносони шоистаи Тоҷикистон, намояндагон аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони “Амонатбонк” ширкат варзиданд.

Нахуст конференсияро муовини Раиси Раёсати Бонк Сафарзода Р.С. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо санаи воқеан таърихию фархунда, 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Конститутсия санади асосиест, ки ҳадафи он таъмин намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, пойдории адолату қонун ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Зикр гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар натиҷаи талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон, 30 сол муқаддам, яъне 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ санади волои миллии худро қабул намуд ва тавассути ин дастоварди олӣ, Тоҷикистони азизу маҳбубамон барои гузариш ба марҳалаи нави рушд, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошт.

Дар идомаи конференсия олимону академикон, ҳуқуқшиносони шоистаи Тоҷикистон ва дигар меҳмонон бобати таърихи қабул ва арзиши волои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки 30 сол муқаддам- 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар нахустин моддаи ин санади сарнавиштсоз хусусияти соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардид. Ин арзишҳо собит менамоянд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфтааст.

Бо қабули ин санади сарнавиштсоз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси давлати соҳибистиқлол эътироф гардид. Конститутсияи Тоҷикистон, ки ба шарофати маърифати баланди ҳуқуқии мардуми тоҷик ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул шуд, Истиқлоли давлатии тоҷиконро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд.

Ёдоварӣ карда шуд, ки омили асосие, ки ба қабули Конститутсия замина гузошт, Эъломияи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 мебошад. Конститутсия аввалин шуда, асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро пурра дар шакли нав муқаррар кард ва дурнамои рушди ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуд.

Дар анҷом бо ифтихор иброз карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз конститутсияҳои беҳтарини дунё маҳсуб шуда, мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ буданаш Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 давлати ҷаҳон пазируфтаанд. Дар асоси муқаррароти Конститутсия, Тоҷикистон иштирокчии садҳо санадҳои байналмилалӣ, хусусан муҳимтарин санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон буда, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар ин самт иҷро мекунад ва ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мунтазам ҳисобот пешниҳод менамояд.

Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 100 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, аъзои беш аз 50 созмони муътабари байналмилалӣ аст. Ин аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир, аз ҷумла, об ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъмини сулҳу суботи сайёра аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон даъват менамоянд.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк