Нишасти матбуотӣ дар “Амонатбонк”
Санаи 02-юми августи соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма, мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода Иноятулло, Раиси Раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А., муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С. ва роҳбарони воҳидҳои сохтории саридораи Бонк ширкат варзиданд.
Дар оғози нишаст Раиси Раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А. бо рӯнамои мухтасар баромад намуда, ба ҳозирин оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк дар давоми нимсолаи якуми соли 2024 маълумот доданд.
Маълумотҳои пешниҳодгардида оид ба пардохтпазирии Бонк, дороиҳо, уҳдадориҳо, сармоя, даромад, ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, фоизҳои ба аҳолӣ пардохтшуда, иқдомҳои қарзии Бонк ва қарзҳои ба аҳолӣ пешниҳодгардида, бақияи сандуқи қарзӣ, фаъолият дар самти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ғайра иборат буд.
Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар низ дар навбати худ вобаста ба фаъолияти соҳа суолҳои гуногун пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк дар самти татбиқи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, хизматрасониҳои фосилавӣ, Амонат-мобайл инчунин хизматрасонӣ тавассути банкоматҳо, кортҳои пардохтии Бонк, маҳсулотҳои қарзӣ, алалхусус қарзҳои ипотекӣ ва қарз барои соҳибкорзанони кишвар, қарзҳои мушкилситон ва ғайра суолҳо пешниҳод гардид.
Нишасти матбуотӣ дар фазои озод барои ибрози андешаҳо ва саволу ҷавоб сурат гирифта, дар он фаъолияти Бонк ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.