Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
19 апрели 2019
Вохўрии Раиси Раёсат бо намояндагони Бонки Давлатии рушди Хитой.

img

Субҳи имрўз Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ бо гурўҳи кории Бонки давлатии рушди Хитой вохўрӣ анҷом доданд. Ҳайати кории Бонки давлатии рушди Хитойро ҷаноби Фен Дже роҳбари намуданд. Мақсад аз ташрифи ҳайати корӣ ин баррасӣ намудани масъалаҳои корӣ ва рушд додани ҳамкориҳои молиявии БДРХ бо БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро дар бар мегирифт. Дар оғоз Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ С.С. меҳмононро пазироӣ намуда аз ҳамкориҳои тулонӣ ва самараноки ду Бонк, ки ҳар ду ҳам аъзои Иттиҳоди Байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҷаноби Фен Дже дар рафти вохўрӣ иброз доштанд, ки БДРХ Амонатбонкро ҳамчун як шарики боэътимоди худ миёни бонкҳои Тоҷикистон дониста аз ҳамкориҳои самараноки судманд тарафдорӣ менамояд. Дар идомаи вохўрӣ масъалаҳои ба имзо расонидани хатти қарзии манфиатнок барои дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо юани Хитой баррасӣ гардид. Ҷонибҳо дар доираи Ҷаласаи Иттиҳоди Байнибонкии СҲШ, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад саривақтӣ шуморида, барои ба имзо расонидани санадҳои муҳим ба мувофиқа расиданд. Ҳамчунин меҳмонон дар доираи густариши ҳамкориҳо масъалаи бозомӯзии кормандони Бонкро дар Ҷумҳурии мардумии Чин арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳар нафар корманде, ки бо пешниҳоди Амонатбонк дар Хитой такмили дониш менамояд пас аз бозгашт метавонад дар рушди ҳамкориҳо ва Бонк саҳми арзандаи худро гузорад. Лозим ба зикр аст, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» тули бештар аз 10 сол бо БДРХ шартномаи ҳамкорӣ дошта дар ин муддат аз қарзҳои пешниҳоднамудаи Бонки мазкур, ки тариқи Амонатбонк сурат мегирифт, чандин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқ рушд ёфтаанд. Дар хотима ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати омода намудани тамоми ҳуҷҷатҳои лозима барои ба имзо расонидани созишномаҳои нав тасмими ҷиддӣ гирифтанд.
img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 13.09.2019