Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
13 феврали 2020
Ҳамкории дуҷониба байни БДА ҶТ “Амонатбонк” ва ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»- и Ҷумҳурии Қазоқистон

img

Нимаи аввали рўзи 13 феврали соли ҷорӣ дар бинои марказии БДА ҶТ «Амонатбонк» Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сирроҷиддин Салом бо ҳайати расмии ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, ки таҳти роҳбарии  Муовини Раиси Раёсати Ширкати мазкур муҳтарам Калигазин Аслан ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд, мулоқоти дуҷониба баргузор намуданд.

Дар рафти мулоқот намояндаи расмии ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» иброз намуд, ки Ширкат омодааст дилхоҳ пешниҳод ва дархостҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз Ҷумҳурии Қазоқистон молу маҳсулот ворид менамояд тариқи миёнаравии БДА ҶТ «Амонатбонк» дастгирӣ намуда, то ба манзил расидани молу маҳсулотҳо суғуртаи маблағи онҳоро таъмин намояд.

Дар навбати худ, Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сирроҷиддин Салом иброз намуданд, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» дар раванди сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиистон ҳамеша омодааст соҳибкорони ватаниро дар самти рушд додани соҳибкории хурду миёна ва дарёфти шарикони рушди боэътимод дастгирӣ намояд.

Ҳамчунин, пас аз мулоқоти дуҷониба дар толори маҷлисгоҳи Осорхонаи Бонк, воқеъ дар ошёнаи 10-ўми бинои марказӣ, Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Муовини Раиси Раёсати ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» Созишнома оид ба рушд додани ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расониданд.

Ҳадафи асосии ба имзо расонидани Созишнома, ин пеш аз ҳама зиёд намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба шумор меравад.

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кўшиш менамояд, ки дар оянда ҳам, нисбати амалӣ намудани дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар самти дастгирии сохибкорони ватанӣ ва дарёфти сарчашмахои нави сармояи арзону дастрас хамаи тадбирхои муассирро амалӣ намояд.
img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 04.08.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк