Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, малака, касбияти кормандони Бонк, бо дастур ва супориши Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумхурии Тоҷикистон «Амонатбонк», муҷтарам Икромӣ С.С., Идораи методология ва бозомўзии кормандон таъсис дода шуд. Бояд қайд кард, ки дар бинои нави Бонк барои омўзиш ва такмили ихтисос ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шуда, толорҳои омўзишӣ, утоқи тарҷумаи синхронӣ, бо технологияҳои муосири иттилотиву дафтардорӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби Идораи методология ва бозомўзии кормандон, барои кормандони филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк», дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, давоми 5-рўз тренинги омўзишӣ дар мавзўи «Таҳлил ва пешниҳоди қарзҳои хурд» гузаронида шуд. Дар тренинги мазкур тамоми ҷабҳаҳои таҳлили молиявӣ, аз ҷумла ҷалби мизоҷон ва пешниҳоди қарз, таҳияи исоботҳои молиявӣ, хавфҳои қарзӣ ва пешгирии он, гарав ва баҳодиҳии амволи гарав, мониторинг, истифодаи мақсадноки қарз ва ғайра фаро гирифта шуд. Ба иштирокчиёни тренинг аз ҷониби мутахассисони Раёсати Бонк, аз ҷумла Сардори идораи методология ва бозомўзии кормандон Умарзода З, кормандони Идораи мазкур Буриев У.Н, Зокирова С, мушовири Раиси Раёсат оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Икромов З ва сардори Идораи қарздиҳии Департаменти қарздиҳӣ, Фаррухзода С, дарсҳо гузаронида шуданд.
Дар хотима тренинг тавассути саволу ҷавоб ҷамъбаст гардида, ҳаллу фасли мушкилотҳо, пешниҳоду таклифҳои филиалҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Идораи методология ва бозомўзии кормандон, минбаъд низ тасмим гирифтааст, ки дар тамоми филиалҳои Бонк, оид ба мавзуъҳои самти афзалиятноки фаъолияти бонкӣ, инчунин масъалаҳои рўзмарраи ҷомеа, тренингу семинарҳои омўзишӣ, конфронсу мизҳои мудаввар ташкил намояд.