Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
04 маи 2020
Муроҷиатномаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ба кормандон ва мизоҷон.

img

      Ҳамкасбони гиромӣ! Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад аз паҳншавии бемории илтиҳоби шуш дар канор намондааст. 
      Роҳбарияти мамлакат ҷиҳати ҳифзи ҷомеъа ва бехатарии аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ як қатор чораҳоро андешида истодааст, ки амалӣ кардани онҳо низ қарзи шаҳрвандии ҳар як корманди Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва мизоҷони он мебошад. 
      Мутахассисон муқаррар карданд, ки сироятшавӣ бо бемории илтиҳоби шуш бештар бо роҳи расидани заррачаҳои луоби даҳон ба чашму бинӣ, дастони ифлос ва риоя накардани дигар қоидаҳои санитарию гигиенӣ ба амал меояд.
      Барои пешгирии ҳолатҳои пайдоиши бемории илтиҳоби шуш зарур аст, ки қоидаҳо ва шароитҳои зерин дар миёни кормандон ва дар хизматросонихо ба мизоҷон риоя карда шавад:

1. Пеш аз ҳама муҳим он аст, ки ба таҳлука ва воҳима дода нашавед, ҳаминро донед, ки шумораи сироятёфтагон ва фавтидагон аз шумораи онҳое, ки ба бемории илтиҳоби шуш, дар солҳои қаблӣ гирифтор шуда буданд, зиёд нест. 

2. Ҳамаи кормандон дар хонаву кӯчаҳо  ва дар ҷои кор бо ниқоб таъмин бошанд.

3. Ҷойҳои корӣ бо маводҳои зиддимикробӣ коркард карда шуда, ҳар як соат ҳавои утоқҳои корӣ бо кушодани дару тирезаҳо тоза карда шавад.

4. Дастҳо зуд-зуд бо маводҳои моегии антисептикии спиртдор ва собунҳои либосшӯии оддӣ  шуста шаванд.

5. Барои нагузаштани ҳар гуна микробҳо аз расонидани дасту ангуштон ба даҳон, бинӣ ва чашм худдорӣ карда шавад.

6. Ҷойҳои даромади биноҳо тариқи ҳатмӣ бо маҳлули хлор коркард карда шуда, дар дохили биноҳо ва ҷойҳои корӣ ба таври доимӣ аз дуди ҳазориспанд истифода карда шавад.

7. Аз ҳама мизоҷон талаб карда шавад, ки ба биноҳои  филиалҳо ва МХБ-ҳо бо истифода аз ниқоб дароянд. Дар хизматрасониҳо масофаҳои байни мизоҷон ва кормандон  дар ҳудуди  на кам аз 1,5 метр риоя карда шавад.

8. Аз саломи дастакӣ бо якдигар ва мизоҷон худдорӣ карда шавад.

9. Бо тавсияи мутахассисон ҳамарӯза аз доруҳои зиддимикробӣ истифода карда шавад.

10. Кормандони синну солашон аз 60 сола боло ва кормандони бо нишонаҳои бемориҳои гирифтори қанд, фишорбаландӣ ва дигар намуди бемориҳои роҳи нафас ба рухсатӣ равона карда шаванд.

11. Ҳангоми пайдоиши нишонаҳои аввалини бемории сироятии мазкур ба худ муолиҷакунӣ машғул нашуда,  ҳатман ба табибон муроҷиат кардан зарур аст. Ҳар яки мо дар андешаи саломатии худ, аҳли оила, наздикон ва мизоҷони бонк бошем. 

12. Фаъолияти мунтазами филиалҳо, МХБ тариқи реҷахои бегоҳирузӣ ва шабонарузӣ пурра нигоҳ дошта шавад.

13. Ҳама бонкоматҳо ба таври доимӣ бо пули нақд таъмин карда шуда, хизматрасониҳо ба нафақагирон, муаллимон ва дигарон ҷиҳати пардохти саривақтии маблағҳои нафақа ва музди маошу дигар кӯмакпулиҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. 

14. Муҳлати пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба соҳаи кишоварзӣ то санаи 1-июни соли 2020 тамдид карда шудааст. Соҳибкорон ва ширкату ҷамъиятҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ғалладона машғул мебошанд дар кӯтоҳтарин муҳлат бо маблағҳои зарурӣ тариқи додани қарз таъмин карда шаванд.

15. Филиалҳоро зарур аст, ки аз пешниҳоди қарзҳои калон худдорӣ намуда, баргардонидани қарзҳои додашударо саривақт таъмин намоянд.

16. Захиракунии маводҳои хӯрока аз ҳисоби ғалладонагиҳо, картошка ва ҳар гуна ғизоҳои истеъмоли ҳамарӯза, пӯхтани мураббо, ҷем ва ғайраҳо ба роҳ монда шавад.

17. Ҷиҳати истифодаи самараноки замин барои гирифтани ду-се ҳосил аз як қитъа бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шавад. Махсусан филиалҳое, ки дар ноҳияҳои кишоварзӣ қарор доранд, нагузоред, ки як ваҷаб замин бекор монад. 

18. Ба бонувони Бонк супориш дода шавад, ки аз матоҳои мувофиқ ниқоб дӯхта,  эҳтиёҷоти худ ва ҳамкоронро таъмин намоянд.
 
19. Ба мизоҷон тавсия дода мешавад, ки барои бехатарии худ ва атрофиён аз хизматрасониҳои Амонат Онлайн  ва СМС-паёмак ба таври васеъ истифода баранд. 

20. Мизоҷони Бонк огоҳ карда шаванд, ки ҳангоми хизматрасониҳо тавассути бонкоматҳо аз тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб, ки дар овезаҳои дар ҷойҳои намоёни биноҳои филиалҳо ва марказҳи хизматрасонии бонкӣ  насбшудаанд,  дуруст истифода баранд.

      Пешниҳод менамудам, ки маоши якмоҳаи Раиси Раёсат ба ҳисоби махсуси дастгирии беморону табибон дар мубориза ба вабои COVID-19 гузаронида шавад ва аз ҳамаи кормандони соҳа даъват ба амал меовардам, ки маоши якрӯзаашонро ба ин ҳисоб гузаронанд. 
      Мудирони филиалҳо вазифадор карда мешаванд, ки мазмуну моҳияти муроҷиатномаро ба ҳар як корманд ва мизоҷи Бонк расонида, иҷрои пурраи вазифаҳо ва супоришҳои дар он омадаро таъмин намуда, хизматрасониҳоро боз ҳам дар сатҳи баланди касбӣ қарор дода, аз рафти корҳои созмондода мунтазам ба ситоди Бонк маълумот пешниҳод намоянд.

  Раиси Раёсат
   Икромӣ С.С.


Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 07.08.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк