Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
24 ноябри 2020
Парчами миллӣ рамзи ватандориву ҳастии миллат.

img

Парчами миллӣ рамзи ватандориву ҳастии миллат.
Имрӯз дар БДА ҶТ “Амонатбонк” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии идона баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ оғоз намуда таъкид сохтанд, ки  бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти    Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо чанд сол аст, ки   ҷашни Парчами миллӣ бо шукўҳу шаҳомат таҷлил  мегардад. Бо чунин иқдоми хирадмандона Пешвои муаззами миллат собит намуданд, ки  таҷрибаи  давлатдории  халқи  тоҷик таърихи  бағоят бостонӣ дорад ва аввалин  шуда  дар олам парчамро  ниёгони бофарҳанги мо афрохта буданд.

Муовини Раиси Бонк Сайфзода. Ш.Ҷ кулли кормандони “Амонатбонк”-ро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки Парчами давлатии Тоҷикистони азиз, ки   риштаи меҳри наслро  бо асл  пайваст,  ҳамчун муқаддасоти  миллӣ рамзи соҳибдавлативу соҳибихтиёриро таҷассум менамояд. Инчунин, Парчами миллӣ  шиносномаи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон маърӯзаи  муовини идораи методология Буриев Умедҷон пешкаши хозирин гардид. Парчам  ҳамчун муқаддасоти миллӣ дар радифи  муаррифӣ намудани  соҳибихтиёриии Тоҷикистони азиз,  боз сокинони кишварро  ба вањдату ягонагӣ ва пешрафту шукуфоӣ  ҳидоят менамояд. Парчами миллӣ рамзи ватандориву  ҳастии миллат ва  нишони  сарбаландии мардум аст.  Дар арсаи байналмилалӣ низ  кишвари моро тавассути Парчам мешиносанд.    Дар анҷоми чорабини саҳнаи «Парчамат парафшон бод Тоҷикистон», аз ҷониби Шўрои ҷавонон ва занони Бонк, аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Сатаров Беҳруз, Саломова Саодат, Қосимова Ҳангома ва Муъминзода Умед манзур гардид.
img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 27.01.2021

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк