Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
08 декабри 2020
ҲХДТ- Ҳизби созанда ва ободкор.

img

Имрӯз дар БДА ЧТ “Амонатбонк” бахшида ба 26- солагии Рӯзи таъсисиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии сиёси баргузор гардид. Дар чорабини Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. шоираи шинохтаи Тоҷикистон Меҳриниссо Бобобекова, муовини Раиси Кумитаи иҷроии ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Ҷумахон Ҷурахонзода иштирок доштанд.

Дар оғоз Раиси Раёсат Икромӣ С. С иброз намуданд, ки дар партави дастуру супоришњои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мавқеи сиёсати давлатии ҷавонон дар фаъолияти Амонатбонк баланд бардошта шуда, ҷиҳати мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, шароитҳои зарурӣ муҳайё гардидааст.
Роҳбарияти Бонк ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.
Дар Бонк Шӯрои ҷавонон ва Шўрои занон, ки аксарияти онро љавонон ташкил мекунад, фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии таъсиси онҳо ин татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соли ҷорӣ 6 адад ҷаласаҳои ҷизбӣ ва соатҳои сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Амонатбонк, ки аксарияти онҳо аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошанд, фаъолона иштирок намуданд.

Роҳбари муаззами Ҳизб аз зумраи шахсиятҳоянд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрўзу фардои Тоҷикистон, давлатдории муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардаанд, воқеан ҳам дар таъсиси давлати навини тоҷикон нақши бунёдгузориро доранд.
Таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои сулҳофар ва Президенти маҳбуби миллат дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои њар яки мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомўзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рў овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад.

Шоира Мериниссо Бобобекова ҳангоми суханроии хеш дастовардҳои 26 соли ҲХДТ-ро ёдовар шуда, ҲХДТ-ро офтоби дурахшони ҳастии мардуми шарафманди Тоҷикистон арзёби карданд.

Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ Ҷумахон Ҷурахонзода дар баромади хеш аз таърихи таъсисиёбии Ҳизб ва нақши он дар соҳибистиқлолии кишвари азизамон Точикистон ёдовар шуданд.
Раиси Шӯрои занони Амонатбонк Раҳимзода Шаҳло дар маърӯзаи хеш таъкид сохтанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фарози чор як аср, роҳи пурпечу тобро тай намуда, њамчун ҳизби созандаву бунёдкор, бо идеяњои солими миллӣ ва ғояҳои созандаи худ бањри ба муттаҳидӣ расонидани миллат, таъмини амният ва зиндагии шоиста ба ҳар фарди Ватан кўшиши ҳамешагӣ намуда истодааст.

Чи тавре, ки хурду бузурги Ватан хуб дарк мекунанд, дар ин роњ хизматҳои бесобиқаву сарсупурдаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.
Роҳнамоиҳои Раиси муаззами ҳизб, самараи истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, барои миллати мо тамоми фарҳанги гузаштаамонро аз нав эҳё намуд. Дар ин давраи кутоњи таърихӣ мо тавонистем, ки дар байни давлатҳои дунё, тоҷик ва Тоҷикистонро чи гунае , ки дар гузашта номдор буд, муаррифӣ намоем.

Дар фарҷоми чорабини шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба як гурўҳ кормандони Раёсати Бонк супорида шуд.
img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 25.02.2021

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк