Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
19 декабри 2020
Иштироки фаъоли кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт.

img

Иштироки фаъоли кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” дар  маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт.

Ҳайати кормандони  БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шафати роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 270 бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонданд. Ин иқдом дар доираи пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакат  роҳандозӣ гардид.

Қобили қайд аст, ки пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанберо роҳбарият ва кормандони "Амонатбонк" ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, имрӯзҳо дар тамоми қаламравӣ ҷумҳурӣ дастачамъона дар назди бинои марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳои "Амонатбонк",   назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса ва ташкилоту идораҳо ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ мешинонанд.
img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 23.04.2021

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк