Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
13 январи 2021
Натиҷаи фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2020

img


Имрӯз дар Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки мудири шуъбаи умумии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Абдураҳимова Дилбар, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе -Мирзозода Иброҳим ва муовини -роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” аз фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2020 натиҷагирӣ намуданд.

    Дар оғози ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки ташкилоти ибтидоии “Амонат”- и БДА ҶТ “Амонатбонк” фаъолияти худро дар соли ҳисоботӣ дар асоси нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020», «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ифтитоҳи биноҳои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» 17 декабри соли 2019 баён доштанд» ва омодагиҳо ба истиқболи сазовор аз таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи сиёсати давлатии ҷавонон дар фаъолияти Амонатбонк баланд бардошта шуда, ҷиҳати мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

Қайд кардан зарур аст, ки кормандони Амонатбонк дар аксияи эълон намудаи Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Ватан, ҳар гўшаатро сарсабз хоҳем кард”, ки бахшида ба 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар саросари шаҳри Душанбе амалӣ гардида истодааст, фаъолона иштирок намуда, дар шафати роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 270 бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинониданд. Аъзои ташкилот аз усулҳои муосири таблиғот, роҳу равиши истифодаи босамар аз васоити ахбори оммаи чопиву электронӣ, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, дар тарғибу ташвиқи барномаҳои ҲХДТ саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.

 

Ҳамасола ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” ташкилоти ибтидоии “Амонат” аз аввалинҳо шуда, обуна мешавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соли ҷорӣ 8 ҷаласаи ҳизбӣ ва соатҳои сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Амонатбонк, ки аксарияти онҳо аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд, фаъолона иштирок намуданд.

Инчунин зиёда аз 40 нафар кормандони фаъоли Бонк дар ин давра аъзои ҳизб гардиданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шахри Душанбе ва намояндагони ҲХДТ дар н. Исмоили Сомонӣ дар ҷаласа баромад намуда, иброз доштанд, ки имрӯз сулҳу субот ва осоиштагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол пойдор аст, ки саҳми арзандаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода назаррас мебошад.

Аз ҷавонони худогоҳу хештаншиноси даврони истиқлол, ки имрӯз аз тамоми шарту шароити мусоид барои таҳсилоту фаъолият ва рушди зеҳнии худ баҳравар мебошанд, даъват ба амал оварда шуд, ки ба қадри неъмати бебаҳои Истиқлол расида, дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро ҷавонон ояндаи давлату миллат ва фардои дурахшони Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон мебошнад.

Дар охири ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии “Амонат”- и БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ барои саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои Оинномаи ҲХДТ, инчунин анҷом додани корҳои ташкилию сиёсии ҳизб, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва устувор гардонидани мавқеи ҳизб дар ҷомеа, бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

 



img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 25.02.2021

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк