Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
23 феврали 2021
28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

img

Роҳбарияти Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кормандони Бонк табрику таҳният гуфта ба онҳо барору комёбӣ таманно намуданд. Гуфта шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, ки фаъолияти худро аз сифр оғоз намуда буд имрӯз ба як нерӯи пуриқтидори мудофиавӣ мубаддал гардидааст.

Ҳанӯз бисту ҳашт сол пеш ба дӯши ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар вогузор шуда буд ва имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки хизматчиёни ҳарбӣ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд.

Санаи 23-юми феврали соли 1993 аввалин Паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд ва афсарону сарбозони содиқи Ватан бо ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ аз он ботантана гузаштанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз шароити будубоши афсарону сарбозон дар қисмҳои низомиву ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёри талаботи байналмилалӣ ҷавобгў буда, Артиши миллии мо дар миқёси ҷаҳон ҳамчун нерўи посдори сулҳ эътироф гардидааст.

Ҳамзамон имрӯз аз шуҷоату қаҳрамонии интернатсиалистони кишвар ёдоварӣ карда шуда, 4 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон (интернатсиалистон) аз ҷониби Роҳбарияти Бонк бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 


img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 12.04.2021

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк