Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
01 марти 2021
Амонатбонк дар мусобиқаи футболи хурд миёни бонкдорони кишвар сазовори ҷойи 1-ум гардид!

img

Аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандони соҳаи бонкдории кишвар мусобиқаи кушоди футболи хурд баргузор гардид. Мусобиқаи кушоди футболи хурд як моҳ миёни кормандони соҳаи бонкдории кишвар давом дошт. Барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ 8 тими футболи хурди бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ҳудуди пойтахт мубориза бурданд. Рақобат ба таври системаи даврӣ сурат гирифта, 4 дастаи беҳтарин ба бозиҳои асосӣ роҳхат гирифтанд. Дастаҳои футболи хурди ташкилоти амонатии қарзии хурд Ҳумо ва Бонки Арванд барои ишғоли мақоми сеюми ифтихорӣ талош карданд ва дар ниҳоят кормандони ташкилоти амонатии қарзии хурд Ҳумо ба ҳарифонашон ғолиб омада, зинаи сеюмро сазовор гардиданд. Баъд аз бозӣ барои ишғоли зинаи сеюм рақобати ниҳоӣ оғоз шуд, ки дастаҳои футболи хурди БДА ҶТ “Амонатбонк” ва Бонки миллии Тоҷикистон барои дарёфти зинаи аввали мусобиқа байни ҳам рақобат намуданд. Баъди бозии ду даста бозингарони БДА ҶТ “Амонатбонк” ғолибиятро ба даст оварда, ғолиби мусобиқаи футбол миёни бонкдорони кишвар дониста шуданд.

    Ҳамин тавр, дастаи футболи хурди Ташкилоти амонатии қарзии хурд Ҳумо ҷойи 3-юмро ишғол намуда соҳиби медали биринҷӣ шуд. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон низ барои ишғоли мақоми дуюм бо медалу Ҷоми мусобиқа сарфароз гардонида шуданд. Дастаи БДА ҶТ “Амонатбонк” дар футболи хурд Ҷоизаи асосии мусобиқаро сазовор гардид.



img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 12.04.2021

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк