Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
01 марти 2021
Паём - раҳнамо ба сӯи фардои ободу дурахшон

img

Имрӯз тибқи протоколи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дастгоҳи марказии БДА ҶТ «Амонатбонк» соати сиёсӣ-омӯзишии Паём баргузор гардид. Дар рафти чорабинии сиёсӣ Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. ва як зумра меҳмонон аз қабили раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, собиқ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, профессор, доктори илмҳои филологӣ Казакова Умриниссо Санговна ва муовин - роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон иштирок доштанд.

Дар оғози чорабинӣ Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” дар бораи моҳият ва аҳамияти Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид сохтанд, ки Паём муҳимтарин ҳуҷҷатест, ки стратегияи дохиливу хориҷӣ ва рушди имрўзу фардои кишвар дар он воқеъбинона таҷассум меёбад ва тавассути он ҷомеа метавонад имрўз ва фардои хешро мукаммал созад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола дар бораи тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат муфассал ибрози назар намуда, вазифаҳои минбаъдаи давлату ҳукумати Тоҷикистонро барои як сол ва солҳои оянда мушаххасан баррасӣ намуданд. Аз  ҷумла дар Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат  иброз намуданд, ки “Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид”. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ дар баробари бахшҳои муҳими кишвар, низоми бонкиро низ мавриди таҳлили амиқ қарор доданд. Қайд карда шуд, ки дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000-ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуданд. Дар соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2019    4,6 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 ду фоиз зиёд мебошад. Аз ин рӯ, ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Амонатбонк нақшаи чорабиниҳои идоравиро оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, таҳия ва тасдиқ намудааст, ки он аз 22 банд иборат мебошад.

Ҳамзамон Раиси Шӯрои занони Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Раҳимзода Шаҳло, намояндаи Шўрои ҷавонони БДА ҶТ “Амонатбонк” Иззатзода Шомил, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Ҷумахон Ҷурахонзода, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, собиқ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, профессор, доктори илмҳои филологӣ Казакова Умриниссо Санговна атрофи таъкидҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърузаи худро пешкаши ҳозирин намуда, иброз доштанд, ки бо ҳисси баланди миллию Ватандустӣ ба ҳаёти осоишта, якпорчагии Ватани маҳбуб, сулҳу Ваҳдати миллӣ, бо Президенти ташаббускору хирадманду тавоно шукрона мекунем ва баҳри рушди минбаъдаи кишвар зери сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ намуда кишвари соҳибистиқлоламонро бо саҳму талош бозҳам обод пешрафта мегардонем.

Дар хотима аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. ва роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон ба як гурўҳ кормандони Раёсати Бонк шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.


img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 12.04.2021

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк