Семинар дар мавзуи “Муҳиммияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва фаъолияти волонтёрон“

26 сентябр 2024

25 сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати тақвият бахшидани татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023, №586, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Фаъолияти фаҳмондадиҳии муҳтаво ва муҳиммияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва фаъолияти волонтёрон дар бонкҳои давлативу ғайридавлатии ҳудуди шаҳри Душанбе” семинари машваратӣ-омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар рушди босуръати технология ва тағйирёбии ниёзҳои иҷтимоӣ муҳокима шуда, аҳамияти пардохтҳои ғайринақдӣ дар ташаккули иқтисодиёти рақамӣ ва идоракунии самараноки амалиётҳои молиявӣ таъкид гардид. Ба ин раванд шомил гардонидани волонтёрон қадами муҳиме дар рушди устувори равандҳои муосири технологӣ ҳисобида шуд.

Таъкид гардид, ки чорабинии мазкур ба иштирокдорон имкон медиҳад, ки дониши худро доир ба ин мавзуъ амиқтар намуда, маълумотҳои азхуднамударо дар фаъолияти минбаъда васеъ истифода баранд.

Дар кори семинар мутахассисони КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Ибодов Нуралӣ ва Фахриддин Холматов доир ба мавзуи “Ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ ва имкониятҳои Амонатбонк”, бо рӯнамо баромад карда, волонтёронро барои фаъолият ба бонки мардуми даъват намуданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк