Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар ноҳияи Файзобод

16 апрели 2024

Санаи 16-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) дар МТМУ №35-и ноҳияи Файзобод бо иштироки муҳассилини муассисаи таълимии мазкур ва занону бонувони фаъоли ноҳия ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур мутахассисони КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо рӯнамо дар мавзӯи “Замима барномаи мобилии “Амонат-мобайл”” ва “Кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои пардохтҳои ғайринақдӣ” баромад намуда, ба иштирокдорон оид ба низоми пардохти ғайринақдӣ, барномаи мобилии Амонат-мобайл, ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз, намуди пасандозҳои бонкӣ ва ғайра маълумот пешниҳод намуданд.

Иштирокчиёни ҳамоиши омӯзишӣ дар навбати худ ба намуди хизматрасониҳои бонкӣ мароқ зоҳир намуда, ба суолҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳамзамон ба хотири ҳавасманд намудани иштирокдорони ҳамоиш ба онҳо туҳфаҳои хотирмон бо рамзи Амонатбонк тақдим карда шуд.

Дар идома иштирокдорони чорабинӣ аз бинои хуштарҳу замонавии филиали №16-и Амонатбонк дар ноҳияи Файзобод боздид намуда, аз ҷониби мутахассисони Бонк ба онҳо оид ба амалиётҳо ва хизматрасониҳои бонкие, ки дар филиали мазкур ба мизоҷон пешниҳод мешавад, маълумот дода шуд.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк