Ҷаласаи кории Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо кормандони марказҳои хизматрасонии бонкии Амонатбонк дар вилояти Суғд
Санаи 21 майи соли ҷорӣ, вохурии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар вохурии мазкур, ҳайати роҳбарикунандаи филиалҳо, мутухассисон, кормандони марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонк, дар маҷмӯъ 322-нафар иштирок намуданд.
Сухани ифтитоҳиро Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. оғоз намуда, иттилоъ доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии кормандони марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ, риояи қатъии қоидаҳои одоби муошират бо мизоҷон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии кормандон, ҳамасола вохурии Раиси Раёсат бо мутахассисони Бонк дар шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.
Дар вохурии мазкур сардори идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ Ҳақназарзода Ҷ. оид ба натиҷаи нишондиҳандаҳои марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ маълумотҳои таҳлилгардидаро пешкаши иштирокдорон намуд.
Қайд гардид, ки дар вилояти Суғд-19 адад филиал бо теъдоди 142 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла 1-адад хазинаи шабонарузӣ ба аҳолии вилояти Суғд хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ мерасонанд. Дар марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ амалиётҳои гуногуни бонкӣ аз қабили интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб, амалиётҳои хазинавӣ, қабули маблағҳои коммуналӣ, андозҳо, ҷаримаҳо, пардохт намудани маблағҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳама гуна амалиётҳои бонкӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешавад.
Ҳамзамон, аз ҷониби Раис Раёсати бонк ҷиҳати зиёд намудани пайвастнамоӣ бо СМС-паёмак, истифодаи барномаи Амонат-мобайл, интернет-банкинг ва ривоҷ додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар хотима ба марказҳои хизматрасонии бонкии беҳтарини филиалҳои Амонатбонк дар вилояти Суғд, барои саҳми босазо гузоштан дар рушди фаъолияти соҳа ва мустаҳкам намудани мавқеи Бонк дар низоми бонкии кишвар аз ҷумла ба МХБ-и №362-и филиали №24-и шаҳри Хуҷанд, МХБ-и №351-и филиали №37-и ноҳияи Б.Ғафуров, МХБ-и №249-и филиали №30-и шаҳри Конибодом бо гирифтани Ифтихорнома сарфароз гардиданд.
Аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С. ба кормандони маркази хизматрасониҳои бонкии вилояти Суғд оид ба боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва таъмини хизматрасониҳои саривақтӣ ба мизоҷон, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.