Ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай
Дар соли 2021, дар баробари роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, БДА ҶТ «Амонатбонк» низ, ҳамчун бонки аъзо дар Иттиҳоди байнибонкӣ раисӣ менамояд.
Вобаста ба ин, имрўз, яъне санаи 16 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти БМТ, Котиби генералии СҲШ ҷаноби Норов Владимир Имамович ва роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод оғоз гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар чорабинӣ Котиботи генералии СҲШ, роҳбарони Ширкати молиявию инфрасохтории Ҷумҳурии Ҳиндустон, Бонки давлатии рушди Хитой ва Ҳабиб Бонк Лимитеди Ҷумҳурии Исломии Покистон, Корпоратсияи давлатии рушд «ВЭБ.РФ», Бонки рушди Қазоқистон, ҶСК «РСК Банк»-и Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҶС «Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ўзбекистон» қисман дар шакли ҳузурӣ ва қисман дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти баргузории чорабинии мазкур тибқи Рўзномаи ҷаласа 6 масъалаи муҳим дар самти тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасии намояндагони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай қарор дода шуд.
Аз ҷумла;
1.Васеъ намудани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявии давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ;
2.Тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявие, ки дар минтақаи кишварҳои аъзои СҲШ ва Осиё фаъолият менамоянд;
3.Баррасии қабули Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) барои давраи миёнамуҳлати солҳои (2022 - 2026);
4.Ҳамкориҳои сармоягузории бонкҳои аъзои ИББ СҲШ;
5.Ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон;
6.Баррасӣ ва тариқи овоздиҳӣ интихоб намудани бонки раисикунандаро дар ИББ СҲШ барои солҳои 2021-2022.
Боиси ифтихор аст, ки имрўз бо дастгирии ҳамаи бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи раисии Амонатбонк Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022 – 2026 аз ҷониби роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод ба имзо расида, барои то соли 2026 қабул гардид.