Амонатбонк ғолиби озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор” гардид.

31 май 2024

Санаи 30 майи соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Бонки миллӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Раиси КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, маросими тантанавӣ бахшида ба ҷамъбасти натиҷаи озмун барои дарёфти ҷоизаи “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор” баргузор гардид.

Озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор”, дар доираи “Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027” гузаронида шуда, дар асоси фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли сипаригашта аз рӯйи чор номина: “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор”, “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти ҷалби пасандозҳои бонувони соҳибкор”, “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи насб ва истифодаи воситаҳои электронии пардохт (POS-терминал ва QR-рамз) ба бонувони соҳибкор” ва “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии бонувони соҳибкор” ҷамъбаст гардид.

Боиси хушнудист, ки дар номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор” КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ҷойи 1-умро ишғол намуд.

Дастгирии бонувони соҳибкор мавқеи занонро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор фароҳам месозад ва дар ин ҷода Амонатбонк мунтазам чораҳои дахлдорро роҳандозӣ хоҳад кард.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк