“АМОНАТБОНК” ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ШАҲРӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД ГАРДИД.

15 марти 2024
Оғоз аз санаи 30-юми январ то 15-уми марти соли ҷорӣ мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид, ки дар он дастаи футболбозони “Амонатбонк” фаъолона ширкат варзиданд.

Дар мусобиқи мазкур 12 даста байни ҳам рақобат намуданд. Рақобат ба таври системаи даврӣ сурат гирифта, 4 дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Ҳамин тавр, дастаи футболбозони “Амонатбонк” дар даври финалӣ бо дастаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон қувваозмоӣ намуда бо ҳисоби 9-1 ғолиб дониста шуда, сазовори ҷойи 1-ум гардиданд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк