Корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ноҳияи Муъминобод
23 апрели 2024
Санаи 23-юми апрели соли ҷорӣ дар доираи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week), аз ҷониби мутахассисони “Амонатбонк” дар маркази савдои ноҳияи Муъминобод корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ гузаронида шуд.
Ба фурушандагон ва харидорон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ, алалхусус афзалияти пардохти хизматрасониҳо ба таври ғайринақдӣ, истифодаи кортҳо, пос терминалҳо, замима барномаи “Амонат-мобайл”, қарзҳои имтиёзнок, пасандозҳо ва ғайра маълумот дода шуд.