Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо Директори идоракунандаи Институти умумиҷҳонии бонкҳои амонатгузори ва чакана доир ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба мулоқот анҷом доданд

30 апрел 2021
Санаи 23 апрели соли 2021 Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо Директори идоракунандаи Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана (WSBI) ҷаноби Крис Де Нус вохўрии дуҷониба дар шакли маҷозӣ баргузор намуданд.

Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо масоили васеи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ташкил намудани конфронс, семинар ва вебинарҳо доир ба рушди бизнеси бонкӣ, табодули таҷриба ва масъалаи роҳҳои рақамикунонии фаъолияти бонкиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Вохурӣ дар фазои дустӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар фарҷоми он ҷонибҳо аз рафти ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд ва барои рушд додани ҳамкориҳои минбаъда омодагии хешро иброз намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз соли 2004 инҷониб аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана (WSBI) мебошад.

Дар Институти мазкур зиёда аз 6700 бонкҳои амонатгузор ва чакана аз тамоми дунё аъзо буда, бештар ба масъалаҳои танзимии байналхалқӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии шарикони худ чорабиниҳои гуногун баргузор менамояд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк