Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманд дар муносибатҳои меҳнатӣ”

06 июн 2024

Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо иштироки доираи васеъи кормандони Раёсат дар маҷлисгоҳ ва филиалҳои Бонк ба таври маҷозӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманд дар муносибатҳои меҳнатӣ”, доир гашт.

Дар семинари мазкур ҳуқуқшиноси идораи ҳуқуқи Раёсати Бонк Абдуллозода С.С. баромад намуда, нахуст зикр намуданд, ки “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он, таъмин намудани волоияти қонун ва ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ замина мегузорад.

Дар идомаи семинар ба иштирокдорон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ вобаста ба “Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии корманд дар муносибатҳои меҳнатӣ” маълумот дода шуда, ҳамзамон ба суолҳои гуногуни ҳозирин ҷавобҳои мушаххас гардонда шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк