Тоҷикона мепӯшем

23 май 2024

Либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагони мо мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки зан -модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси миллат буд, инчунин, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.

Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ аксияи “Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардида истодааст.

Занону бонувони Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш, либоси атласу адрас ва чаканро ба бар намуда, дар аксияи “Тоҷикона мепӯшем” фаъолона ширкат варзиданд.

Аксияи мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона ҷиҳати муаррифии либоси атлас, адрас, чакан ва дигар либосҳои миллӣ роҳандозӣ гардид.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк