Дар амал татбиқ намудани Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)

29 апрел 2024

Санаи 25-уми апрели соли 2024 дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк» муҳокимаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2024, таҳти №11-1029 оид ба ҳолати дар амал татбиқ намудани Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар Бонк таҳти роҳбарии муовини раиси раёсати Бонк – Ризвонзода Ф.З. ва бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ – Раҳмонзода Ф. ва тамоми роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонк баргузор гардид.

Оид ба ҳолати иҷрои Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар Бонк бо маъруза ҳуқуқшиноси асосии дастгоҳи раиси раёсати Бонк – Юсупов Б. баромад намуда, қайд намуданд, ки дар соли 2023 бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»” ҳамчун як узви институти давлатӣ дар баробари дигар вазорату идораҳо ҷиҳати татбиқ намудани Методологияи мазкур гуруҳи кории баҳодиҳӣ ва ошкори хавфҳои коррупсиониро дар Бонк бо фармоиши Раиси Раёсати КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»” аз 18 апрели соли 2023, таҳти №100 таъсис додааст.

Аз ҷониби гурўҳи корӣ дар соли 2023 ҳисоботи таҳлилӣ оид ба ошкори хавфҳои коррупсионӣ дар Бонк омода карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани хавфҳои ошкоргардида нақшаи мукаммал барои солҳои 2024 – 2025 таҳия карда шуда, аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк 27 декабри соли 2023 тасдиқ карда шудааст. Натиҷаи аз нав таҳлилкунӣ ва аз нав баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ дар Бонк нишон дод, ки ҳолатҳои ошкор ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ тибқи талаботи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ба роҳ монда шуда, нусхаи ҳисоботи таҳлилӣ ва нақшаи мукаммал оид ба бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти гуруҳи кории Амонатбонк дар самти иҷрои Методологияи мазкур хуб арзёбӣ гардида, назар ба дигар вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ нисбатан беҳтару хубтар баҳогузорӣ карда шудааст.

Сипас сухан, ба намояндаи Агентӣ - Раҳмонзода Ф. дода шуда, натиҷаи таҳлили татбиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои ҷумҳурӣ ибрози ақида карда шуд.

Инчунин, оиди намудҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, ки дар боби 38 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, изҳори ақида карда шуд.

Сипас, Раҳмонзода Ф. ба яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, ки санаи 09 марти соли 2024 бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин дар Кохи Ваҳдат баргузор гардид, ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷом муовини раиси раёсати Бонк Ризвонзода Ф.З. баромад намуда, таъкид намуданд, ки татбиқи Методологияи мазкур ҳаматарафа сифатнок ба роҳ монда шуда, аз ҳар гуна амалҳои қонуншиканӣ пешгирӣ када мешавад ва ба хотири таъмин намудани амнияти ҷомеа, ҳифзи суботу оромӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дастур доданд, ки масъалаҳои гузошташударо ҳамаруза сармашқи фаъолияти худ қарор диҳанд.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк