Иштироки ҳайати кории Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ)

25 апрел 2026

Иштироки ҳайати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), ки санаҳои 21–23 апрели соли 2026 дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, ба таҳкими ҳамкориҳои байнибонкӣ дар равандҳои молиявии минтақавӣ равона гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа дурнамо ва самтҳои калидии рушди минбаъдаи ИББ СҲШ барои солҳои 2027–2031, аз ҷумла масъалаҳои рақамикунонӣ ва татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз (ESG), мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, оид ба ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва ташаккули равишҳои муштарак мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳамзамон, дар доираи баргузории мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба бо бонкҳои ҳамшарик, масъалаҳои марбут ба дарёфти роҳҳо ва усулҳои нави ҳамкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, нуқтаҳои тамос барои густариши робитаҳои минбаъда муайян карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, натиҷаҳои ҷаласа барои таҳкими мавқеи Амонатбонк дар доираи ИББ СҲШ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштараки молиявӣ аҳамияти муҳим доранд.

 


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк