САЛИМЗОДА АЛИҶОН АБДУҶАЛОЛ


Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»»
САЛИМЗОДА Алиҷон Абдуҷалол 22 январи соли 1980 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.

Таҳсилот:
Маълумот олӣ, Донишгоҳи байналмилалии Москва ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз ва иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 2001-2002 - иқтисодчии дараҷаи I-и шуъбаи буҷетҳои маҳаллии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2002-2009 - иқтисодчии дараҷаи II, иқтисодчии дараҷаи I, иқтисодчии пешбари Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2009-2015 - муовини мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар
Солҳои 2015-2020 – мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар;
Солҳои 2020-2022 директори Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон
17 августи соли 2022, №427 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардид;
16 январи соли 2024, №12 бо Қарори Ҳукумати Чумҳурии Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»»

Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.
Донистани забонҳо: англисӣ, русӣ.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк