Муроҷиатномаи Раис

Муҳтарам хонумон ва ҷанобон,
Аз номи Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба кулли мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла мизоҷони Бонк, ки ба Амонатбонк дар низоми бонкии ҷумҳурӣ ҳамчун бонки давлатӣ эътимоди зиёд доранд ва ҳамзамон ба шарикони дохилию хориҷии Бонк, дуруду паёми бепоёни хешро мерасонам.
Амонатбонк яке аз куҳансолтарин бонки ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар гузашта ва имрӯзу фардо ҳам, вазифаи асосии он татбии як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии давлат ва хизматрасонии сариватию босифат ба мизоҷон мебошад.
Имрӯзҳо Амонатбонк бо шабакаи васеи худ, яъне 75 филиал, 547 маркази хизматрасонии бонкӣ ва наздики 3000 нафар кормандон, ҳамчун даста ё нерӯи пурувват ва ниҳоят ба мардум наздик, ба мизоҷон дар тамоми манотии ҷумҳурӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодааст.
Амонатбонк ҷиҳати саҳмгузории назаррас дар низоми бонкӣ дар 5 соли оянда тавассути пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат, инчунин бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» ва аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, дар самти ҳамасола зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ва дар ин замина мусоидат ба таъсиси ҷойҳои нави кории доимию мавсимӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.
Афзоиши сармояи Бонк, фаъолияти пурсамар дар самти ҷалби маблағҳои озоди аҳолӣ ва иштирок дар барномаҳои маблағгузорӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна имкон дод, ки Бонк дар соли 2022 ба зиёда аз 46 ҳазор муштарӣ 1,5 млрд. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд. Дар натиҷа, дар муқоиса ба соли 2021 ҳаҷми қарздиҳии Бонк 7,4% зиёд гардидааст.
Бонк дар соли ҳисоботӣ дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ зиёда аз 31%-и қарзҳоро ба соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ пешниҳод намудааст.
Боиси қайд аст, ки бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи дигар барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, Бонк соли 2022 иқдомҳои қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз», «Дониш» “Орзуҳои солинавӣ” ва «Занҳои муваффақ» роҳандозӣ намуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати дастгирии табааҳои ниёзманди аҳолӣ дар самти сохтмон ва васеъ гардонидани манзили истиоматӣ, инчунин имконият барои харидории манзилҳои истиоматӣ, Амонатбонк «арзҳои ипотекӣ»-ро ҷорӣ намудааст.
Амонатбонк дар натиҷаи рушди ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ, тайи чор соли охир 26,8 млн. доллари ИМА сармояи мустақим ҷалб намудааст.
Аз ҷумла, аз ҳисоби хатти қарзии бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдо дар ҳаҷми 33 млн. доллари ИМА кушода шуда, ба ширкатҳои ватанӣ дар ҳаҷми 15,5 млн.доллари ИМА барои ворид намудани молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Ўзбекистон арзи бонкӣ пешниҳод карда шудааст.
Ҳамчунин, Амонатбонк бо ҶС «Экспортная страховая компания «KAZAKHEXPORT»-и Қазоқистон хати қарзи аккредитивӣ ба маблағи 11,3 млн. доллари ИМА кушодааст.
Бонк сиёсати қарздиҳии худро аз қабили муҳлат, меъёри фоиз ва ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо таҷдид намуда, ба соҳаҳои афзалиятнок имтиёзҳо фароҳам овардааст.
Дар марҳилаи кунунӣ пешниҳоди қарзҳои Амонатбонк ба муштариён дар доираи аз 18 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 4,5 то 10 фоизи солона бо асъори хориҷӣ роҳандозӣ шудааст.
Дар оянда ҳам, ҷиҳати болоравии эътимоди мардуми кишвар ба низоми бонкӣ бо роҳи дастрасии бештари маблағҳои арзӣ ба мизоҷон, рушди соҳибкории хурду миёна, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва умуман саҳмгузорӣ дар рушди устувори итисодиёти кишвар, идомҳои қарзии Бонк идома меёбанд.
Ҷиҳати саҳмгузорӣ баҳри вусъат бахшидани корҳо дар самти амалисозии итисодиёти раамӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои раамӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву итисодӣ ва дар ин замина осон ва шаффоф гардонидани амалиётҳо, кам намудани истифодаи пули над дар муомилот, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринадӣ, пешгирии хавфҳои амалиётӣ, нуфузу эътибор ва дар маҷмўъ паст кардани дараҷаи хавфҳо, Бонк бо роҳи харидорӣ ва насб намудани барномаҳои худкори электронӣ ба раванди автоматикунонии фаъолияти соҳа ва муҷаҳҳазгардонии техникии филиалҳо тавият дода истодааст.
Ҳамзамон, Бонк ҷиҳати вусъат бахшидани амалияи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар ва ба таври васеъ ҷорӣ кардани ин тартиб дар пардохти хизматрасониҳо чораҷӯӣ намуда истода, то имрўз бо 7 916 адад корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ дар доираи лоиҳаи “Музди меҳнат” ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба соли 2020 148 адад зиёд мебошад.
Аз ҷумла, бо мақсади фаъолгардонии истифодаи кортҳои бонкӣ дар муассисаҳои давлатӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, шумораи 822 адад QR - рамз ва 656 адад постерминалҳои Бонк насб карда шудааст.
Дар раванди ҷорӣ намудани технологияи абули андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ аз аҳолӣ, то имрӯз 372 нутаи абул дар марказҳои хизматрасонии филиалҳои Амонатбонк дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо истифода аз барномаи “абули пардохтҳо” фаъолият намуда истоданд.
Инчунин, бо масади таъмини шаффофият дар самти абул ва интиоли маблағҳои коммуналӣ, то имрӯз ба барномаи “Қабули маблағҳои коммуналӣ” шумораи 683 адад нуқтаҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваст карда шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2021 16 адад зиёд аст.
Барномаи мобилии Бонк (“Амонат-мобайл”), ки барои пардохти маблағҳои коммуналӣ, андоз, таҳсил, пардохтҳо ба телефонҳои мобилӣ, интиқоли маблағ аз як корт ба корти дигар ва дигар амалиётҳои бонкӣ имкон медиҳад, дар тарҳи нав бо дарназардошти талаботҳои имрўзаи бозори хизматрасониҳои бонкӣ мавриди истифода қарор дорад.
Ҳамзамон, Бонк ҷиҳати вусъат бахшидани амалияи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринадӣ дар муомилоти пулии кишвар ва ба таври васеъ ҷорӣ кардани ин тартиб дар пардохти хизматрасониҳо чораҷӯӣ намуда истода, то имрўз бо 8 048 адад корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ дар доираи лоиҳаи “Музди меҳнат” ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба соли 2021 132 адад зиёд мебошад.
Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2022 ба 1 миллиону 550 ҳазор нафар расидааст.
Бояд қайд намуд, ки Амонатбонк ҷиҳати боз ҳам дастрас гардонидани хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизматрасонӣ, то ба имрўз 254 адад ё 46,4%-и марказҳои хизматрасонии бонкиро ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кўчонид.
Дар баробари ин, фаъолияти 29 адад хазинаҳои бегоҳӣ ва шабона дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кўлоб ва Хоруғ, ки ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзўр карда шуд.
Татбии сариватии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои гузоштаи Бонк тиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонк барои соли 2022 имкон дод, ки дар маҷмӯъ рушди босуботи соҳа нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои асосӣ дар 2022 тиби ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гарданд.
Ин аст, ки дар соли 2022 сатҳи пардохтпазирии Бонк ҳамчун нишондиҳандаи асосии фаъолият муътадил нигоҳ дошта шуда, то ба имрӯз Бонк тамоми уҳдадориҳои худро дар назди амонатгузорон ва шарикони рушди дохилию хориҷӣ сари ват иҷро намуда истодааст.
Дар ин раванд, шумораи пасандозгузорони Бонк сол аз сол зиёд шуда, ба 1,8 млн. нафар расид.
Дар соли 2022 даромади Бонк то андозбандӣ 141,7 млн. сомонӣ ва баъди андозбандӣ 101,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли 2021 53,5% зиёд мебошад.
Ҳаҷми сармояи Бонк дар соли 2022 721 млн. сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2021 25,2% афзоиш ёфтааст.
Дороиҳои Бонк маблаѓи 6336,8 млн. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 5 616,3 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 мутаносибан 42,8% ва 45,4% афзудааст.
Бонк дар 2022 дар маҷмуъ 84,9 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро аз рӯи фаъолияти худ ба Буҷети давлат гузаронидааст.
Дар хотима гуфтаниям, ки Бонк минбаъд ҳам фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бомуваффаият татби намудани нашаҳои стратегӣ, мустаҳкам намудани мавқеи худ дар бозори байнибонкии ҷумҳурӣ дар заминаи баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва кам намудани хавфҳои бонкӣ идома медиҳад.
Ман сидқан миннатдории худро ба шарикон ва мизоҷони Бонк барои боварӣ ва дастгириашон иброз намуда, ба идомаи ҳамкориҳои судманд умедворам.
Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”
Икромӣ Сироҷиддин Салом