ВОКУНИШ БА ВАО

Вокуниш ба хабари Радиои Озодӣ оид ба "камбуди молӣ"

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” саҳми рўзноманигоронро дар баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон баланд арзёбӣ намуда, вобаста ба хабари дар санаи 23-юми июли соли 2022 бо сарлавҳаи “200 миллион сомонӣ “камбуди молӣ” дар “Амонатбонк” аз куҷост?”, ки пас аз нишасти матбуотии Амонатбонк аз ҷониби хабарнигори расонаи хабарӣ Алишер Зарифӣ дар сомонаи расмии Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, чунин иттилоъ медиҳад.

Қайд намудан зарур аст, ки манзур аз 200 миллион сомонӣ камбуди молӣ набуда, балки қарзҳои аз руи муҳлат батаъхирафтодаи мизоҷони Бонк мебошанд. Маблағи мазкур аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019, аз руи санҷиши фаъолияти Амонатбонк барои солҳои 2017-2018 муайян шуда буд ва то имруз зиёда аз 104 миллион сомонии он аз ҷониби қарздорон баргашта, ба гардиши молиявии Бонк ворид шудааст.

Қисмати боқимондаи ин қарзҳо бо амволҳои мувофиқ таъмин буда, тибқи тартиб баъди ба фуруш рафтани онҳо ба пуррагӣ пардохт мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳама қарзҳои Амонатбонк бо гарави мувофиқ таъмин мебошанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки пешниҳоди қарз амалиёти дорои хавфи баланд буда, дар ҳама бонкҳо, ҳатто дар бонкҳои бузурги ҷаҳонӣ низ дар ин самт мушкилӣ эҷод менамояд.

Дар нишастҳои қаблӣ масъалаи қарзҳои батаъхирафтодаи мазкур аз тарафи роҳбарияти Бонк мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор мегирифт, вале аз чӣ бошад, ки дар нишасти матбуотии санаи 22 июл баргузоргардида, ки ба натиҷагирии фаъолияти Бонк дар нимсолаи аввали соли 2022 бахшида шуда буд, саволи мазкур такроран пешниҳод гардид.

Ба нашр расидани хабари носаҳеҳ бо сарлавҳаҳои “200 миллион сомонӣ “камбуди молӣ” дар “Амонатбонк” аз куҷост?” ва “200 миллион сомонии Амонатбонк ғайб задааст” боиси сару садои беасосу бемаврид ва коста гардидани боварию эътиқоди мардум ба низоми бонкӣ гардида, ҳамзамон бо истифода аз ин баъзе аз расонаҳои хабарӣ бо таҳриф намудани матну сарлавҳаи хабар маводҳои иттилоотии нодурустро дар шабакаи иҷтимоӣ нашр намудаанд.

Эзоҳ: Амонатбонк дар низоми бонкии ҷумҳурӣ калонтарин Бонк маҳсуб ёфта, аз рӯи баҳогузории ҳамасолаи Бонки миллии Тоҷикистон ва хулосаи аудиторони хориҷӣ, Бонки низомсоз ва боэътимод ба шумор меравад. Боэътимод будани Амонатбонк аз он зоҳир мегардад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати баргардонидани амонатҳои шахсони воқеӣ дода шудааст.


Вокуниш ба мақолаи хабарнигори Рӯзномаи “СССР” ва гузориши Радиои Озодӣ оид ба камчин будани пули нақд дар банкоматҳои минтақаи Кӯлоб

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” сањми рўзноманигоронро дар баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон баланд арзёбӣ намуда, вобаста ба мақолаи хабарнигори Рӯзномаи “СССР” Алихон Шарипов, ки санаи 7-уми апрели соли 2022, дар шумораи №14 (707) рўзномаи мазкур зери унвони “Кӯлоб: банкоматҳои холӣ” нашр гардида ва гузориши Радиои озодӣ, ки санаи 5-уми апрели соли 2022 дар барномаи Ахбори озодӣ оид ба камчин будани пули нақд дар ноҳияи Восеъ пахш гардид, чунин маълумот манзур менамояд.

Амонатбонк, ҳамчун пиёдакунандаи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар тамоми манотиқи кишвар ( бо 75 филиал, 546 адад МХБ) ба аҳолӣ хизматрасонӣ намуда истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки ба ҳолати имрӯза шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ 1 миллиону 463 ҳазор нафарро ташкил дода, дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон зиёда аз 105 ҳазор адад корт фаъолият дорад.

Инфрасохтори хизматрасонӣ дар минтақаи Кӯлоб аз 33 адад банкомат (12 адад дар шаҳри Кулоб) ва зиёда аз 100 адад постерминал иборат буда, ҳамарӯза хизматрасонии аҳолиро анҷом дода истодаанд.

Тибқи омор агар солҳои пеш истифодабарандагони банкоматҳо теъдоди ками дорандагони кортҳоро ташкил медод, имрӯз бошад 55% аҳолӣ аз банкоматҳо истифода менамояд. Дар баробари банкоматҳо постерминалҳо низ дар филиалҳо ва марказҳои хизаматрасонии бонкӣ фаъоланд.

Тибқи мушоҳидаҳо, тамбашавии зиёди одамон дар назди банкоматҳо санаҳои охир ва аввали ҳар моҳ ба назар расида, на зиёда аз 5-6 руз идома меёбад. Зеро дар охир ва аввали ҳар моҳ музди меҳнат ва нафақа ба кортҳо гузашта, дорандагони кортҳо мекушанд, дар ҳамон рӯзи воридшавии маблағ онро хароҷот намоянд.

Инчунин, як омили дигар низ сарбории хароҷоти пули нақдро аз банкоматҳо зиёд намуда истодааст, ин ҳам бошад афзоиш ёфтани интиқоли маблағҳо ба кортҳои пардохтии бонкӣ аст.

Як нуқтаи дигарро қайд намудан зарур аст, ки банкомат таҷҳизоти техникиест, ки ғунҷоиш ва зарфияти муайянеро соҳиб аст ва баъди холӣ шудани он марҳилаи муайяни вақт ва корҳои дахлдорро анҷом додан зарур аст, ки такроран бо нақдина пур карда шавад.

Бояд зикр кард, ки дорандагони кортҳои миллӣ на танҳо дар банкоматҳои Амонатбонк, балки дар тамоми таҷҳизоти терминалии дигар ташкилотҳои қарзии низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” хизмат гирифта метавонанд, ки ин аз фарогир ва дастрас будани шабакаи низом дарак медиҳад.

Бо вуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта Амонатбонк ҳама вақт кушиш менамояд, ки хизматрасониҳои мақбул ва босифатро пешкаши мизоҷон гардонад.


Вокуниш ба маводи рӯзномаи “СССР”, зери унвони “Бонкҳои Тоҷикистон: чаро кор соати 16:00 тамом мешавад? ”

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” саҳми рўзноманигоронро дар рушди ҷомеа, бахусус баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон бо роҳи тарғиби хизматрасониҳои бонкӣ, ки мақсад аз он осон ва шаффоф намудани пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ ба мардуми кишвар мебошад, баланд арзёбӣ менамояд.

Ҳамзамон, оид ба мақолаи рўзноманигор - муҳаррири Рӯзномаи “СССР” Шокир Наим, ки зери унвони “Бонкҳои Тоҷикистон: чаро кор соати 16:00 тамом мешавад?”, санаи 2 сентябри соли 2021, №35 (676) дар рўзномаи мазкур ба нашр расидааст, чунин маълумот манзур менамояд.

Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ дар сар то сари кишвар, ҳатто дар дурдасттарин манотиқи он бо 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодааст.

Реҷаи корӣ дар қисми амалиётӣ ва марказҳои хизматрасонии бонкии филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” аз соати 0800 то соати 1600 ба роҳ монда шуда, кормандони Бонк ҳамарўза ба аҳолии кишвар хизматрасониҳоро дар самти қабули маблағҳои коммуналӣ, андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, пардохти нафақаи нафақагирон, пардохти музди меҳнати кормандони корхонаву ташкилотҳо, пардохти маблағҳои интиқоли дохилӣ ва хориҷӣ, қабули пасандозҳо ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ анҷом медиҳанд.

Вақти корӣ ба чунин тарз тақсимот гардидааст: аз рӯзи душанбе то ҷумъа дар як рӯз 7 соати корӣ ва рӯзи шанбе 5 соат (то соати 1300). Яъне 5 рӯзи корӣ баробар аст ба 35 соат ва бо дарназардошти 5 соати рўзи шанбе дар маҷмуъ 40 соати кориро дар як ҳафта ташкил мекунад. Танаффус аз соати 1200 то соати 1300 пешбинӣ шудааст. Рӯзҳои шанбе бошад, аз соати 0800 то соати 1300 бетанаффус муқаррар гардидааст.

Чунин тартиби коргузорӣ дар доираи талаботи боби 6, моддаи 67-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “давомнокии муътадили вақти корӣ дар ташкилотҳо дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад” ба роҳ монда шудааст.

Ба Шумо маълум менамоем, ки Амонатбонк бо мақсади дастрасии бештари хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ баъд аз вақти корӣ ва ҳамзамон ба сайёҳону меҳмонони кишвар, хизматрасонии шабонарўзиро дар 25 адад хазинаҳои худ дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кўлоб ва Хоруғ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар пойтахти кишвар бо дарназардошти шумораи зиёди аҳолӣ ва меҳмонону сайёҳон 16 адад хазинаҳои шабонарўзии Бонк фаъолияти доимӣ доранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Бонк мунтазам тавассути расонаҳои хабарӣ ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин марказҳои хизматрасонии бонкиро тарғиб мекунад. Натиҷаи ин огаҳӣ аст, ки муштариён аз ин хазинаҳои Бонк ба таври васеъ истифода бурда истодаанд. Маврид ба зикр аст, ки бо дарназардошти талаботи аҳолӣ имрўзҳо шумораи кормандон дар хазинаҳои шабонарўзии Бонк зиёд карда шуда, барои дастрасии онҳо ба барномаҳои корӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар баробари ин, Бонк бо мақсади дастрасии бештари хизматрасониҳо ба муштариён ва меҳмонону сайёҳон дар кишвар, тўли 3 соли охир шумораи 211 адад ё 38,6%-и марказҳои хизматрасонии худро ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кўчонид. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки амали намудани ин иқдом барои аз наздиктарин хазинаҳои Бонк истифодабарии хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ боз ҳам қуллай гардидааст.

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар оянда ҳам, баҳри дастрасии бештари хизматрасониҳои бонкӣ чораҳои муассир меандешад.


Хабарро санҷида бояд навишт. Вокуниш оид ба “Худкушии Ғиёсиддин Аюбзода, корманди “Амонатбонк”-ро дар ноҳияи Айнӣ”

БДА ҶТ “Амонатбонк” хабари нашр ва паҳншудаи саҳифаҳои иҷтимоиро дар мавриди “Худкушии Ғиёсиддин Аюбзода, корманди “Амонатбонк”-ро дар ноҳияи Айнӣ” рад намуда, чунин иттилоъ медиҳад: номбурда бо роҳбарият ва ҳамкасбони худ дар филиали рақами 25-и “Амонатбонк”-и ноҳияи Айнӣ дар муносибат ягон мушкилӣ надошт.

Номбурда пеш аз даст задан ба амали худкушӣ мактуб навишта, сабаби ба ин амал даст заданашро мушкилоти шахсӣ, яъне қарздор будан аз якчанд нафар шахсони алоҳида (воқеъи) бо маблағи зиёд ва аз ҷониби онҳо мавриди таҳдид қарор гирифтан дарҷ намудааст. Инчунин дар мактуб навишта шудааст, ки супоридани фоизҳои пай дар пай ҳар моҳ боиси мушкилот ва рӯҳафтодагии марҳум гардида буд, ки дигар тоқати ин ҳамаро надоштааст. Мактуби навиштаи номбурда дар Прокуратураи ноҳияи Айнӣ буда, тафтишот дар самти ошкор намудани сабабҳои худкушӣ идома дорад. Ва бори дигар ёдовар мешавем, ки сабаби амали номбурда ба муносибат бо роҳбарият ва худи Бонк алоқамандӣ надорад.

Пас аз тафтишоти мақомоти дахлдор маълумоти пурра ба намояндагони ВАО пешниҳод карда мешавад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк