Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар ноҳияи Дӯстӣ (Global Money Week -2022)

25 апрели 2022

Ҳамасола аз ҷониби ширкати байналмилалии Global Money Week бо иқдоми Child and Youth Finance International дар тамоми дунё ҳафтаи байналмиллалии молия барои кӯдакон ва ҷавонон бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи масъулони молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ гузаронида мешавад.

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” низ дар доираи ҳафтаи байналмиллалии молия бо иштироки муҳассилини мактаби миёна, ҷавонон ва муштариёни Бонк дар ноҳияи Дустӣ чорабинии хотирмон ва судмандеро доир намуд.

Дар чорабинии мазкур кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии Бонк дар мавзӯҳои мухталифи соҳаи бонкдорӣ, алалхусус нақши пул ва қоидаҳои идоракунии он, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила, нақши бонкҳо дар рушди иқтисодиёт, хизматрасониҳо тавассути замимабарномаи Амонат-мобайл, пасандозҳои муҳлатнок ва пардохтҳои ҳатмӣ, маҳсулоҳои қарзии Амонатбонк ва оид ба хизматрасониҳо тавассути кортҳои пардохтӣ ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби иштирокдорон вобаста ба мавзуҳои соҳавӣ суолҳо пешниҳод гардида ба онҳо посух гардонда шуд.

Ҳамзамон ба кулли иштирокчиёни чорабинӣ туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.

Ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, аз худ кардани маълумоти зарурӣ оиди   хизматрасониҳои бонкӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳавӣ заминаи мусоид мегузорад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк