Ҷаласа оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии ҶТ ва оид ба натиҷаи фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2021

28 январ 2022

Дар Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” вобаста ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2021 ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии ҶТ ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласа бо иштироки Раиси Ташкилоти ибтидоии “Амонат”-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С., Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Муродзода Фурқат ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” баргузор гардид.

Раиси Ташкилоти ибтидоии “Амонат”-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С. бо маъруза баромад намуда нуқтаҳои асосӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк”-ро дар соли 2021 қайд намуданд.

Зикр гардид, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мавқеи сиёсати давлатии ҷавонон дар фаъолияти Амонатбонк баланд бардошта шуда, ҷиҳати мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, шароитҳои зарурӣ муҳайё гардидааст.

Роҳбарияти Бонк ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Дар Бонк Шӯрои ҷавонон ва Шўрои занон, ки аксарияти онро ҷавонон ва ё аъзоёни ҲХДТ ташкил мекунад, фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии таъсиси онҳо ин татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим зимни баромади хеш аз рушду суботи сартосарии кишвар, сохта ба истифода додани ҳазорҳо биноҳои маъмуриву маишӣ дар мамлакат ва шарту шароити созгору арзанда барои зисту зиндагонии ҳар фарди худогоҳу хештаншинос ёдовар шуда, зикр намуданд, ки моро месазад, то ба қадри сулҳу осоиштагии диёр расида бошем, зиракии сиёсиро аз даст надода ба ватани хеш содиқона хизмат намоем.

Сипас Раиси Шӯрои занони БДА ҶТ “Амонатбонк” Раҳимзода Шаҳло нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии мамлакатро шарҳу тавзеҳ доданд.

Гуфта шуд, ки тамоми қишри ҷомеа паёмҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллатамонро бо масъулият ва садоқат ба Роҳбари давлат ва ҳар як пора аз хоки ин меҳани аҷдодӣ дарк мекунанд. Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ перомуни файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ҳарф зада, бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳз ба шарофати заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба даст омадааст.

Зерии роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули солҳои соҳибистиқлолӣ, тавре Роҳбари давлат дар паём қайд намуданд, сар карда аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият, мамлакати мо дар ҳоли рушду шукуфоӣ қарор дорад. Мавқеи худро дар давлатдории муосир муайян намудааст.

Роҳбари давлат бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти низоми бонкӣ, ҳамчун муҳаррики иқтисодиёт, дар паём махсус қайд карданд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар, дастгирии соҳаҳои афзалиятнок ва дар маҷмуъ рушди иқтисоди миллӣ тавассути пешниҳоди маблағҳои қарзӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ саҳмгузорӣ менамояд.

Дар охири чорабинӣ ба як қатор кормандони Амонатбонк шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Ҳамзамон аъзоёни фаъоли Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” барои фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, корҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк