Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” давоми соли 2024

10 январ 2025

Санаи 10-уми январи соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” Салимзода А.А. ва бо иштироки муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С. инчунин сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр, муовини сардори раёсати таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатии вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Меҳрубон, сардори идораи бозрасии бонкҳои департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон Раҳимзода Иброҳим Раҳим, сардори раёсати назорати таъину пардохти нафақа ва андухтҳои нафақавии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинов Саъдулло, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мудирони филиалҳои “Амонатбонк” ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2024 ва нақшаҳо барои соли 2025 –ум баргузор гардид.                 

Дар қисмати аввали ҷаласа муовини Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З. баромад намуда, доир ба фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” давоми соли 2024-ум ба ҳозирин маълумот доданд.

Зикр гардид, ки давоми соли 2024-ум Бонк саъю кӯшиши худро баҳри татбиқи босамари дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳа барои соли 2024 равона намуда, дар ин давра 140 млн. сомонӣ даромади соф ба даст омад, ки нисбат ба соли 2023 8,4% зиёд буда, нақшаи пешбинишуда бо пуррагӣ таъмин гардид.

Ҳаҷми сармояи Бонк дар соли 2024 ба 989,7 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2023 15,1% зиёд мебошад.

Дороиҳои Бонк ба 8,7 млрд. сомонӣ баробар гардида, дар таносуб бо соли 2023 15% зиёд шудааст.

Бонк ҷиҳати саҳмгузории назаррас дар низоми бонкӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат, инчунин бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат», дар самти ҳамасола зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт чораҳои амалӣ андешида, ҳаҷми қарздиҳиро сол то сол бештар намудааст.

Чунончӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2024 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 69 ҳазор муштарӣ 2,5 млрд. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод гардидааст, ки дар муқоиса ба соли 2023 ҳаҷми қарздиҳӣ 36% ва шумораи қарзгирон 31,3% зиёд гардидааст.     

Гуфта шуд, ки бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар Амонатбонк ба санаи 31 декабри соли 2024 6,9 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023 27,5% зиёд мебошад. Бонк аз рӯи нишондиҳандаи мазкур дар низоми бонкии кишвар яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст. Шумораи пасандозгузорон дар Бонк ба 2,4 млн. нафар расидааст.

Таъкид гардид, ки дар паёми навбатӣ яке аз вазифагузориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва дар ин замина ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Чунки зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ аз ин сарчашмаҳо вобастагии зиёд дорад.

Бо назардошти ин, воҳидҳои сохтории масъули дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои Бонк дар соли 2025 вазифадор гардиданд, ки нисбати иҷрои дастуру супоришҳои паёми навбатӣ дар самти ҷалби маблағҳои озоди аҳолӣ ба пасандозҳо чораҳои амалӣ андешанд.

Дар иртибот ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” низ як қатор чорабиниҳо татбиқ гардонида шудааст.

Аз ҷумла, ҷиҳати ба роҳ мондани пардохти ғайринақдии ҳама намуди андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ, аз ҷониби Амонатбонк ба ҳолати имрӯза 1085 адад постерминалҳо дар нозиротҳои андоз, тамоми филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар тамоми ҷумҳурӣ фаъол гардонида шуданд. Ҳамзамон, дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва дар бахши хусусӣ 3 913 адад постерминалҳо мавриди истифода қарор доранд.

Бо мақсади фароҳам овардани имконияти пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ ва тақвият бахшидани хизматрасониҳои фосилавӣ, дар замимабарномаи мобилии “Амонатмобайл” мутобиқати технологии хизматрасониҳои ташкилоту муассисаҳои давлатӣ анҷом дода шуд. Шумораи умумии истифодабарандагони барномаи мазкур зиёда аз 1,1 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Таъкид шуд, ки дар паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ ва то охири соли 2025 саҳмгузории назаррас дар раванди рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатиро вазифагузорӣ намуданд.

Дар иртибот ба ин, баҳри татбиқи босифату саривақтии супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти хизматрасониҳои фосилавӣ ва рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ дастаҷаъмона кушиш бояд намуд.

Дар идома сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр ба сухан баромада, шарҳи мухтасари нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишварро ба ҳозирин баён намуда, иброз доштанд, ки вобаста ба дастуру супоришҳо ба низоми бонкии кишвар, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, нақша чорабинӣ таҳия гардида, дар доираи он фаъолият ба таври самаранок ба роҳ монда шавад.

Аз ҷумла ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ ва дар ин раванд то охири соли 2025 таъмини пурраи пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ, зиёд намудани ҳаҷми пешниҳоди қарз, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ, таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат бояд тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Дар қисмати муҳокимаи масъалаҳо мудирони филиалҳои “Амонатбонк” оид ба фаъолияти самти худ ва мушкилиҳои ҷойдошта давоми соли 2024-ум ба Раиси Раёсат ҳисобот доданд.

Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Салимзода А.А. нахуст ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимии рушди низоми бонкии мамлакат миннатдории худро баён намуда, иброз доштанд, ки фаъолияти Бонк дар асоси дастуру супоришҳои паёмҳои ҳамасолаи Роҳбарияти Олии кишвар ва вобаста ба он, супоришҳои БМТ ҳамчун бонки марказӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар иртибот ба ин, дар давраи ҳисоботӣ диққати асосӣ ба фароҳам овардани шароити муосид ҷиҳати дастрасии қарзҳо ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ равона гардида, дар ин раванд, фоизи пешниҳоди қарзҳо дар Бонк аз 2 то 4 банди фоизи паст карда шуда, муҳлати пардохти онҳо то 5 сол дароз карда шуд.

Ҳамзамон тамоми имкониятҳои Бонк барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, равона гардидааст.

Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби Раиси Раёсат баҳри бозҳам мустаҳкам намудани мавқеи Бонк дар низоми бонкӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирию идоракунии хавфҳои Бонк, таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, ҷалби пасандозҳои аҳолӣ, рушди ҳарчӣ бештари низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, зиёд намудани шумораи занону бонувон дар филиалҳои Бонк, пурзӯр намудани корҳо дар самти баргардонидани қарзҳои батаъхирафтода ва ғайринизомӣ, фурӯши амволҳои дар тавозуни Бонк қарордошта ва дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани қобилияти пардохтпазирии Бонк дар назди тамоми воҳидҳои сохтории саридора ва филиалҳои Бонк вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

 


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк