Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк”

23 июн 2023

Санаи 23-юми июни солӣ ҷорӣ дар бинои асосии Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур бо иштироки муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродов, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С., ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот дода, зикр намуданд, ки Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”- и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарор ва супоришҳои Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Нақшаи кории тасдиқгардидаи ташкилоти ҳизбӣ, дастуру супоришҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст ва ягонагии манфиатҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, интизоми бошуурона, эҳтироми ақида, озодбаёнӣ, баробарии ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳар як узви онро асоси фаъолияташ мешуморад.

Аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар давраи ҳисоботӣ чун ҳарвақта бо фаъолияти пурсамари худ, фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маънавӣ саҳми босазои худро баҳри беҳбудии ҷомеа равона карда, ба натиҷаҳои боз ҳам хуби молиявӣ ноил гаштанд ва дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” илова ба хизматрасонии босамару сифатноки бонкӣ, дар ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд.

 Қайд гардид, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” дар раванди тарѓиби тарзи ҳаёти солим хеле фаъол буда, дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ иштирок менамоянд. Исботи ин гуфтаҳо иштироки фаъоли ҳамҳизбиён дар дави миллӣ, ширкати дастаи занонаи волейболбозон ва дастаи футболбозон дар мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе”, бахшида ба “Рўзи пойтахт” мебошад.

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи занону ҷавонон дар фаъолияти Амонатбонк баланд бардошта шуда, ҷиҳати мустақилона ва бо ҳисси масъулият иштирок кардани онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ шароитҳои зарурӣ муҳайё гардидааст.

Роҳбарияти Бонк ташаббусу пешниҳодҳои созандаю пешбарандаи   занону ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои босамар амалӣ гардидани онҳо имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.

Дар Бонк Шӯроҳои занону ҷавонон фаъолият менамоянд, ки ҳадафи асосии таъсиси онҳо ин татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад.

Сипас муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродов, ба сухан баромада бо қаноатмандӣ аз фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа дар тули фаъолияти худ баҳри рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум воқеан корҳои бузургу назаррасеро анҷом додааст.

Гуфта шуд, ки ҷавононро мебояд, ки шукронаи сулҳу суббот ва истиқлолияти комили давлат намуда, бо пайрави аз сиёсати сулҳҷуёна, бунёдкорона ва хирадмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу субботи беназири кишвар мубориза баранд.

Дар анҷом бо овоздиҳии кулли аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”, Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., ва муовини Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Исмоилова Шаҳноза дубора ба ин мақом интихоб гардиданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк