Ҷаласаи кории Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

01 июн 2021

Санаи 29-уми майи соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., муовини Раиси Раёсат Сайфзода Ш.Ҷ. ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласаи мазкур Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. аз фаъолияти филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии минтақаи Кӯлоб дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ натиҷагирӣ намуданд.

Қайд гардид, имрӯзҳо шарту шароити корӣ дар филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии минтақаи Кӯлоб дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда бо лавозимоти лозимии соҳа муҷаҳаз гардонида шудаанд. Аз ин рӯ зарур аст, ки бо истифода аз шарту шароити фароҳамгардида сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда дар ин росто доир ба истифодаи маҳсулоти муосири бонкӣ аз қабили Амонат-мобайл ва пайваст гардидан ба СМС- паёмак ба аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад.

Роҳбарияти Бонк иброз доштанд, ки тамоми кормандони соҳаро мебояд дар рафти хизматрасонӣ бо мизоҷон одобу фарҳанги муоширатро дар мадди аввал гузошта бошанд.

Дар ҷаласаи мазкур сардори Идораи танзим ва назорати Марказҳои хизматрасонии бонкӣ Ҳақназарзода Ҷурабек низ баромад намуда қайд карданд, ки ба ҳолати имрӯза дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон шумораи филиалҳо 10 адад ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” 69 адаро ташкил медиҳанд.       

Дар филилҳо ва МХБ-ҳои минтақаи Кӯлоб ҳамарӯза ба аҳолӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ расонида мешавад. Аз қабили интиқоли пули шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳамагуна амалиётҳои бонкӣ, амалиётҳои хазинавӣ, пардохт намудани маблағҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо, қабул ва иваз намудани пулҳои фарсуда, қабули маблағҳои коммуналӣ ва дигар намуди пардохтҳо ва хизматрасониҳо.

Дар рафти ҷаласа натиҷаи нишондиҳандаҳои Марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар монитор пешкаши кормандон гардида, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои сардорони идора ва кормандон шунида шуд.

Дар охири ҷаласа маркази хизматрасонии бонкии №521-и филиали №58-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Восеъ, маркази хизматарсонии бонкии №559-и филиали №61 дар ноҳияи Фархор ва маркази хизматрасонии бонкии №593-и филиали №65 дар ноҳияи Ш.Шоҳин барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбии иқтисодӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти хизматрасониҳои бонкӣ бо Раҳматнома қадрдонӣ гардиданд.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк