Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Амонатбонк

23 май 2024
Санаи 23-юми майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Раиси Раёсати Амонатбонк Салимзода А.А., муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С., кормандони Раёсат ва филиалҳои  “Амонатбонк” аз ҳисоби ҷавонони фаъол ширкат варзиданд.

Нахуст Раиси Раёсати Амонатбонк  Салимзода А.А. ҷавонони Бонк ва дар симои онҳо кулли ҷавонони сарбаланди кишварро бо ин санаи фархунда, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки  имрӯзҳо ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ва қавиирода дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус дар сохтори Амонатбонк фаъолияти самарабахш дошта, дар пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда мегузоранд. 

Зикр гардид, ки ба ҳолати имрӯза дар воҳидҳои сохтории Амонатбонк  1587 нафар ҷавонон фаъолият доранд, ки 53,3%-и шумораи умумии кормандони Бонкро ташкил медиҳанд. Бо самимияти беандоза қайд карда шуд, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои чпвонони мо шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуда, андешаҳои созандаи онҳо пайваста мавриди амал ва дастгирӣ қарор дода мешавад.           

Дар идома Раиси Шӯрои ҷавонони Бонк Фаррухзода С. маъруза намуда, қайд карданд, ки ҳануз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти ҷавонон яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дастгирӣ меёбад.

Гуфта шуд, ки аз соли 2017 инҷониб Шӯрои ҷавонони Бонк, ҳамчун ниҳоди ҷамъиятӣ, расман фаъолият дошта, манфиатҳо ва иқдому ташаббусҳои ҷавонони бонкро ҷонибдорӣ менамояд.    
        
Ҷавонони Амонатбонк дар навбати худ бо руҳияи шикастнопазир, азму иродаи қавӣ, меҳнату заҳмати пайваста ва созандагиву бунёдкорӣ, содиқона барои ободиву озодии Ватани маҳбубамон фаъолият намуда истодаанд.
          
Дар интиҳои ҳамоиш аз ҷониби Роҳбарият як қатор кормандони ҷавонони бонк барои саҳми арзанда дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ҷамъиятӣ қадрдонӣ гардида бо мукофотҳои пулӣ ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк