Амонатбонк ва Бонки давлатии рушди Хитой ба маблағи 100,0 млн юани хитоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расонданд.
Санаи 17-уми ноябри соли ҷорӣ ҷиҳати ба имзо расидани Созишномаи нави қарзӣ, Президенти Бонки давлатии рушди Хитой Тан Цзюн бо як гуруҳ мутахассисони сатҳи баланди бонки мазкур ба Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ташриф оварданд.
Дар доираи ин, мулоқоти Раиси Раёсати “Амонатбонк” Икромӣ С.С. ва Президенти Бонки давлатии рушди Хитой Тан Цзюн баргузор гардида, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи байнибонкӣ, ки аз соли 2008-ум инҷониб дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ба роҳ монда шудааст ёдовар шуда, ҷиҳати бозҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои мухталиф ибрози назар намуданд.
Қайд гардид, ки дар давоми 15 соли ҳамкорӣ миёни бонкҳо 10 Созишнома, аз ҷумла 9 Созишномаи қарзӣ ба маблағи 81,5 млн доллари ИМА, 1 Созишнома оид ба рушд додани ҳамкориҳои дуҷониба ва 1 Ёддошти тафоҳум оид ба бозомўзӣ намудани кормандони Амонатбонк, ба имзо расонида шудааст.
Сипас аз ҷониби Раиси Раёсати “Амонатбонк” Икромӣ С.С. ва Президенти Бонки давлатии рушди Хитой Тан Цзюн боз як Созишнома нави қарзӣ ба маблағи 100,0 млн юани хитоӣ, ба имзо расонда шуд.
Хадафи аслии ба имзо расонидани созишномаи қарзӣ ин пешниҳоди қарзҳои хурд барои рушди соҳаи кишоварзӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, барои ворид намудани техникаву технологияҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда, инчуни соҳибкороне, ки аз Ҷумҳурии Халқии Хитой молу маҳсулот ворид менамоянд иборат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тавассути ҳамкориҳои судманди дуҷониба миёни “Амонатбонк” ва Бонки давлатии рушди Хитой то ба имрўз беш аз 81,5 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо гардида, дар ин замина 74 лоиҳаҳои мухталиф дар 36 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маблағгузорӣ гардиданд.
Аз маблағҳои мазкур 35 % фоизи онҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ, 46 % барои рушди соҳаи саноат ва 19 % барои дастгирии соҳибкории хурду миёна равона гардидаанд. Инчунин, ба 4200 мизоҷ барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна қарзҳои хурд ҷудо карда шуда, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳо дар бозори меҳнати кишвар зиёда аз 6900 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.
Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” азм гирифтааст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо шарикони рушди хориҷӣ, таҳкими робитаҳо ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ фаъолиятро дар оянда низ ба роҳ монад.