Байни низомҳои пардохти “Корти Миллӣ” (Тоҷикистон) ва “HUMO” (Ӯзбекистон) Ёддошти тафоҳум ба тасвиб расид.

14 октябр 2025

Санаи 13-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan – 2025» баргузор гардид.

Дар кори форум беш аз 1000 намояндаи ширкатҳои бонуфузи IT, соҳибкорон, сармоягузорон ва коршиносони самти технологияҳои иттилоотӣ ва ҳаводорони технологияҳои рақамӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро баррасӣ намуданд.

Дар доираи форум байни Низомҳои пардохти “Корти Миллӣ” (Тоҷикистон) ва “HUMO” (Ӯзбекистон) Ёддошти тафоҳум ба тасвиб расид.

Ёддошти тафоҳум ҷиҳати роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои судманд ва дарозмуддат ба тасвиб расида, ҷанбаи калидии он ҳамгироии технологии инфрасохторҳои низомҳои пардохтӣ мебошад, ки дар натиҷаи он кортҳои HUMO дар шабакаи “Корти Миллӣ” ва баръакс кортҳои “Корти Миллӣ” дар шабакаи HUMO истифода шуда метавонанд.

Ҳадафи асосии Ёддошти тафоҳум ин таҳкими ҳамкории стратегӣ ва рушди шарикии устувор миёни ду низоми пардохтӣ дар минтақа мебошад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк