Бонувони Амонатбонк ғолиби озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” дониста шуданд.
22 июн 2024
Санаи 21-уми июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон”, ки бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” ҳавасмангардонӣ ва баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар соҳаи бонкдорӣ, аз ҷумла дар баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии занон дар ҷомеаи муосир, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба саҳми занон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, раванди тақвиятбахшии иштироки занон дар ҳама самтҳои иқтисоди кишвар аз ҷумла дар бахши молиявию бонкдории кишвар иборат буда, аз рӯи номинатсияҳои “Корманди қарзии беҳтарин”, “Корманди беҳтарини кор бо амонат, пасандоз, ва кортҳои бонкӣ”, “Корманди беҳтарини роҳбарикунанда”, “Корманди беҳтарини соҳаи иттилооти технологии бонкӣ” ва “Корманди беҳтарин Идораи фаръӣ” гузаронида шуд.
Боиси хушнудист, ки дар ҷамъбасти озмун як қатор бонувони КВД БА ҶТ “Амонатбонк” аз рӯи якчанд номинатсия ғолиб дониста шуданд.
Аз ҷумла мудири филиали №71-и “Амонатбонк” дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ Мамадназарова Зайнаб дар номинатсияи “Корманди беҳтарини роҳбарикунанда”, муовини сардори Идораи методология ва бозомӯзии кормандон Файзулаева Фируза дар номинатсияи “Корманди беҳтарини идораи фаръи (Бэк офис)” ва муовини директори Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ Ҳакимова Мавҷуда дар номинатсияи “Корманди беҳтарини кор бо амонат, пасандоз ва кортҳои бонкӣ” сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Ғолибон барои фаъолияти назаррасу намунавӣ, таҷрибаву малакаи волои касбӣ, саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти соҳаи бонкдории мамлакат, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ва ғайра интихоб карда шуданд.
Ташкил ва баргузории чунин озмунҳо барои ҳавасманд намудани занону бонувони кишвар ва баланд бардоштани завқи онҳо нисбат ба касби хеш мусоидат намуда, дар рушду пешрафти соҳаи бонкдории мамлакат нақши муассир мегузорад.