Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

06 сентябр 2022

Соли 2022-юм мардуми сарбаланди кишвар дар фазои ободу осудаи кишвари азизу маҳбуби хеш аз ҷашни фархундаву таърихӣ, 31-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол менамоянд.

Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки роҳбарият, аҳли кормандон ва меҳмонони даъватшуда муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ ва шоири халқии Тоҷикистон, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аскар Ҳаким чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ С.С. ҳозиринро бо 31-умин солгарди ҷашни бошукуҳи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, қайд карданд, ки сиву як сол пеш миллати куҳанбунёди тоҷик ба неъмати бузурги сарнавиштсоз, яъне истиқлоли давлатӣ мушарраф гардид.

Маҳз ба шарофати ин ҳадяи тақдир, кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва давлати тоҷикони куҳанбунёду тамаддунсоз дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.

Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 31-соли истиқлолият, ки бо шарофати хиради азалии фарзандони фарзонаи тоҷик, махсусан азму иродаи қавӣ ва заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст, ин нигоҳ доштани фазои орому осуда дар кишвар мебошад, ки мо бояд онро чун гавҳараки чашм нигоҳ ва ҳифз намоем.

Дар идомаи чорабинӣ муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ низ ҳамагонро бо ҷашни истиқлоли давлатӣ табрику таҳният намуда, аз қадру манзалати ин ҷашн ва худшиносиву ҳувияти миллӣ ҳарф зада, иброз доштанд, ки истиқлоли давлатӣ яке аз арзишҳои муқаддастарин ба ҳисоб рафта, ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷонии ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Ҳамзамон бо истифода аз фазои тантанавӣ муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Директори Департаменти қарздиҳии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Ҷафарзода А.Ҳ. мукофоти давлатӣ, медали хизмати шоистаро тақдим намуданд.

Сипас риштаи сухан ба шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рудакӣ, корманди шоистаи Тоҷикистон, муҳтарам Аскар Ҳаким дода шуда, аз ҷониби эшон дар васфи ватану ватандорӣ ва истиқлолу ваҳдати сартосарӣ шеърҳои пурмазмун қироат карда шуда, гуфта шуд, ки истиқлоли давлатӣ беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад

Аъзоёни фаъоли Шӯроҳои ҷавонон ва занони Амонатбонк низ ба сухан баромада оид ба дастоварҳои назаррас дар давоми 31 соли истиқлоли давлатӣ ҳарф зада, бо қироат намудани шеър ҳамагонро бо санаи фархунда табрику таҳният намуданд.

Дар охири чорабинӣ ба як зумра кормандони Амонатбонк ба хотири фаъолияти назаррас ва судманд Ифтихорнома ва Раҳматнома тақдим карда шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк