Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид.

25 ноябр 2024

Санаи 25-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» доир шуда, дар кори он беш аз 1000 нафар намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва мақомоти давлатӣ аз 26 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Намояндагон ва мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” низ дар форуми мазкур ширкат варзида, оид ба масъалаҳои рушди бонкҳои рақамӣ, истифодаи технологияи блокчейн, таъмини амнияти киберӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва дурнамои Open Banking дар минтақа, маълумотҳои муфид пайдо намуданд

Боиси қайд аст, ки бо баргузории ин форум имконият ва зарфияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии инфрасохтори давлатӣ, бахши хизматрасонии молиявӣ, инчунин табодули таҷриба бо мутахассисони байналмиллалӣ вобаста ба рушди саноат ва тиҷорати рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ мешавад.

Мақсади форум муаррифии технологияҳои рақамӣ ҳамчун бахши муҳими рақамисозӣ дар мамлакат, рушди хизматрасонии электронӣ ва ҳукумати электронӣ, рушди технологияҳои нав, аз ҷумла технологияи молиявӣ, таъмини амнияти кибербехатарӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк