Фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар ноҳияи Данғара

26 апрели 2024

Санаи 25-уми апрели соли ҷорӣ бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги ноҳияи Данғара фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид.

Фестивали мазкур бо мақсади иттилоотонии аҳолӣ аз хизматрасонҳои молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии истифодабарандагони чунин хизматрасониҳо буда, дар он ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва ассотсиатсияҳои онҳо ширкат варзиданд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” низ дар фестивали мазкур фаъолона ширкат варзида, маҳсулоти бонкӣ ва хизматрасониҳои худро ба ҳозирин пешниҳод намуд.

Ба иштирокдорон оид ба воситаҳои пардохти ғайринақдӣ алалхусус барномаи мобилии Амонат-мобайл инчунин кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз, намуди пасандозҳои бонкӣ ва ғайра маълумот пешниҳод карда шуд.

Дар баробари ин дар рафти фестивал аз ҷониби кормандони Амонатбонк ба меҳмонону иштирокдорони фестивал туҳфаҳои брендии Бонк тақдим карда шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк