Форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озорбойҷон

04 апрел 2023

Санаи 04 апрели соли 2023, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озорбойҷон баргузор гардид, ки дар ҳошияи он роҳбарияти КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶСК «Азер-Турк Банк»-и Ҷумҳурии Озорбойҷон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расониданд.

Пас аз маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум мулоқоти В2В байни роҳбарони КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶСК «Азер-Турк Банк» баргузор гардид, ки дар он масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани амалиётҳои бонкӣ аз қабили кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, ҷойгиркунии шабонарўзӣ (overnight), мубодилаи асъор ва табодули таҷрибаи тарафайн, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин, роҳбарони бонкҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҳисоби кормандони дахлдори дастгоҳҳои марказии бонкҳо гурўҳи корӣ таъсис дода, нақшаҳои дар боло зикр гардидаро ҳарчи зудтар амалӣ намоянд.

Дар маҷмуъ мулоқоти дуҷониба дар фазои дўстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, заминаи хубе барои оғоз намудани ҳамкориҳои минбаъда миёни КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶСК «Азер-Турк Банк» фароҳам овард.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк