Иштироки ҳайати кории Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ)
Санаҳои 1 ва 2-юми апрели соли 2025, ҳайати кории Амонатбонк таҳти роҳбарии муовини раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Ризвонзода Фирдавс Зикр дар кори ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), ки дар шаҳри Хайкоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид, иштирок ва маърўза намуданд.
Дар кори ҷаласаи мазкур роҳбарияти ҳама бонкҳои аъзои Иттиҳод низ иштирок доштанд. Илова ба ин, дар рафти баргузории чорабинӣ ҳайати кории Амонатбонк дар якҷоягӣ бо намояндагони бонкҳои аъзои ИББ СҲШ масъалаҳое, ки дар Рўзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои муҳим аз ҷумла, таҳия намудани матни лоиҳаи «Баёнияи муштараки бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ба муносибати 20-солагии СҲШ», васеъ намудани шумораи бонкҳои аъзо, афзоиши чорабиниҳо дар самти табодули таҷриба байни бонкҳо ва мувофиқа кардани санаи баргузории ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, ки бо иштироки роҳбарони бонкҳои аъзо баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар интиҳои чорабинии Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби ҳамоҳангсозон лоиҳаи «Баёнияи муштарак», протокол оид ба аъзогӣ пазируфтани ҶСК «Беларусбанк» параф карда шуда, протоколи ҷаласа ба имзо расонида шуд.
Пас аз ба итмом расидани қисмати асосии ҷаласа, мулоқоти дуҷонибаи муовини раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Ризвонзода Фирдавс Зикр бо муовини раиси Бонки давлатии рушди Хитой Вэн Вэйдун, муовини раиси Элдик Бонки Ҷумҳурии Қирғизистон Жакипова Айчурек Жакиповна ва муовини раиси Бонки миллӣ ва фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Мирдовидов Бахтиёр Қобилович баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Амонатбонк ва бонкҳои мазкур дар самтҳои мухталиф аз қабили, табодули таҷриба ва маблағгузории савдо барои рушд додани гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муовини раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Ризвонзода Фирдавс Зикр низ пешниҳодҳои бонкҳои шарикони рушдро бо хушнудӣ пазируфта, омодагии ҳамаҷонибаи Амонатбонкро дар дилхоҳ самтҳои манфиатнок иброз намуданд.













