Иштироки ҳайати расмии КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар Форуми сармоягузорӣ Тоҷикистону Британияи Кабир

30 марти 2023
Санахои 28 ва 29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон Форуми самоягузории Тоҷикистону Британияи Кабир баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати расмии КВД БА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом иштирок намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар чорабинии мазкур вазорату идораҳои дахлдор ва соҳибкорони ҳарду ҷониб иштирок намуда, оид ба рушд додани ҳамкориҳои минбаъдаи муштарак заминаи мусоид  гузоштанд.
Дар ҳошияи баргузории Форум Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом низ барои баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти кормандони Бонк санаи 28 март бо роҳбари Ширкати байналмилалии мутобиқати Бритониёги (ICA) муҳтарам Роб Филипсон Ёддошти тафоҳум оид ба хамдигарфаҳми ба имзо расониданд.

Ҳадафи асосии ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум, ин пеш аз ҳама мутобиқат намудани донишу малакаи кормандони Бонк ба талаботҳои байналмилали мебошад.
Вобаста ба зиёд гардидани таваҷҷуҳи шарикони рушд ва ташкилотхои молиявии байналхалқи ба Амонатбонк, роҳбарияти Бонк тасмим гирифтааст, ки дар самти мутобиқаткунони низ корҳои заруриро амали намуда, мутахассистони ҷавобгуй ба талаботҳои байналмилалӣ омода намояд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк