Мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо ҳайати кории Бонки Рушди Осиё

04 апрели 2024

Санаи 04/04/2024 раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо роҳбари ҳайати кории Бонки Рушди Осиё муҳтарам Дай Чанг Сонг дар бинои марказии Амонатбонк мулоқоти дуҷониба баргузор намуданд.

Мулоқот доир ба масъалаи Созишномаи зерқарзие, ки санаи 13 декабри соли 2022 таҳти №TAJ 56147 байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД БА ҶТ «Амонатбонк» оид ба ҷудо намудани маблағи қарз аз ҳисоби Созишномаи грантии Бонки Рушди Осиё дар доираи “Барномаи баланд бардоштани устуворӣ тавассути хароҷоти фаъоли зиддисиклӣ” ба маблағи 50 000 000 (панҷоҳ миллион) сомонӣ ба имзо расонида буд, баргузор гардид.

Сараввал раиси Раёсати Амонатбонк муҳтарам Салимзода А.А., аз раванди азхудкунии маблаѓҳои Созишномаи мазкур ва таваҷҷуҳи бештар доштани мизоҷон ба чунин намуди қарз маълумот манзур намуда, қайд карданд, ки Амонатбонк ҳамчун институти молиявии кишвар дар самти пиёда намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки раванди пешниҳоди қарз махсусан ба занони соҳибкор дар манотиқи дурдасти кишвар таваҷҷуҳи намояндагони Бонки Рушди Осиёро бештар ба худ ҷалб намуд. Дар идомаи мулоқот роҳбари ҳайати кории Бонки Рушди Осиё муҳтарам Дай Чанг Сонг қайд кард, ки дар оянда низ омодааст дар дигар самтҳои мухталиф бо Амонатбонк ҳамкориҳоро бештар намояд.

Дар маҷмўъ вохўрӣ дар фазои дустӣ баргузор гашта, дар интиҳои он раиси Раёсати Амонатбонк ва роҳбари ҳайати кории Бонки Рушди Осиё оид ба рушд додани ҳамкориҳои дуҷониба ба сохторҳои дахлдори бонкҳо даструру супоришҳои мушаххас доданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк